Ҳукми бастани соатҳои тиллоӣ ва ё монанд ба тилло

1,828

Савол 9531

 

Оё бастани соатҳои тиллоӣ ё соати зарди тиллоранг ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Он барои занон ҷоиз аст, аммо барои мард агар соат аз тилло ва ё тиллокорӣ карда шуда бошад (яъне заркӯбӣ шуда бошад ва ё ба рӯяш оби тило давондашуда бошад), ҷоиз нест. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Тилло ва абрешим ба занони умматам ҳалол гардонида шудааст ва ба мардони умматам ҳаром гардонида шудааст».  

Аммо агар ранги он ба тилло монанд бошад, вале тилло набошад, барои мард беҳтар аст, ки онро истифода набарад, то шаъну шарафи ӯ аз иттиҳоми мухолифат варзидан ба Шариати покиза ҳифз шавад.

Сарчашма

Зинат

Сарчашма: 

Китоби "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Шайх Аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). (Саҳ 99).

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play