Истифодаи шиёф (шамъ, свеча) дар рӯзи Рамазон

1,405

Савол 22927

Истифода бурдани шиёф дар рӯзи Рамазон барои рӯзадор агар бемор бошад, чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Агар инсон бемор бошад, барояш истифода бурдани шиёфҳое, ки ба мақъад гузошта мешаванд, ҳеҷ боке надорад, зеро ин кор на хӯрдану нӯшидан аст ва на дар маънои хӯрдану нӯшидан ворид мешавад.
Шариъат танҳо хӯрдану нӯшиданро (дар ҳоли рӯза) бар мо ҳаром кардааст. Бинобар ин, ҳар чи ҷойгузини хӯрдану нӯшидан бошад, ҳукми онро мегирад. Ҳар чизе ки чунин набошад, аз назари лафзу маъно ба он ворид намешавад ва ҳукми хӯрдану нӯшидан барояш собит намешавад".

Сарчашма

Муфсидот ва шиканандаҳои рӯза

Сарчашма: 

"Фатово"-и Шайх Ибни Усаймин, ҷ/1, саҳ/502

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play