Ҳукми қироат намудан аз рӯи мусҳаф дар намоз

2,911

Савол 1255

Қироат намудан аз рӯи мусҳаф дар намози таровеҳ ва кусуф ҷоиз аст ва ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Қироат намудан аз рӯи мусҳаф дар қиёми Рамазон ҳеҷ боке надорад, зеро ба сабаби ин, ба муқтадиён тамоми Қуръонро мешунавонад. Ҳамчунин далелҳои шаръӣ, аз Қуръону суннат бар машрӯияти қироат намудани Қуръон дар намоз далолат мекунад. Он далелҳо қироат намудани Қуръонро хоҳ аз рӯи мусҳаф бошад ва ё аз ҳифз дарбар мегирад. Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки ӯ ба ғуломи озодкардаи худ Заквон дастур дод, ки дар қиёми Рамазон ба ӯ имоматӣ кунад ва ӯ аз мусҳаф қироат мекард. Бухорӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ин ривоятро дар "Саҳиҳ"-и худ ба таври муъаллақу маҷзум зикр кардааст.

Сарчашма

Қироат дар намоз
Намози таровеҳ ва шаби қадр

Сарчашма: 

"Фатово исломия" ҷилди 2. Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play