Ҳукми дафн кардани нохун, кӯтоҳ намудани он дар шаб ва "бисмиллоҳ" гуфтан бар он

2,410

Савол 11993

Аз баъзе мардумон фаҳмидам, ки нохун гирифтан дар шаб ҳаром аст ва ҳамчунин фаҳмидам, ки пеш аз ба партоб партофтани он бояд ба нохунҳо ва мӯй се маротиба туф кунем ва "бисмиллоҳ" бигӯем, то шайтон онро гирифта, истифода бурда натавонад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Назарияи нохун гирифтан дар шаб макруҳ аст, ҳеҷ асосе надорад, балки инсон ҳар вақте ки бихоҳад, дар ҳар соате аз шабона рӯз метавонад нохун бигирад.

Ҳамин тавр назарияи пеш аз партофтани нохунҳо ё мӯй се маротиба "бисмиллоҳ" гуфтан лозим аст, вагарна шайтон аз он истифода мекунад, ҳеҷ асосе надорад.

Ҳамчунин дафн кардани он воҷиб аст, гуфтан дуруст нест, зеро дар ин бора ҳадиси хеле заиф ворид шудааст.
Ба партоб ё ба обрез партофтани он ва ё гӯр кардани он ҷоиз аст. Агар инсон битарсад, ки он ба дасти ҷодугарон меафтад, дар ин ҳолат, метавонад онро дар ҳар маконе, ки онҳо ба он даст намеёбанд, партояд. 

Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма

Суннатҳои фитрат

Сарчашма: 

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play