0 / 0
4,14528/12/2020

Ҳукми табрик кардани кофирон дар идҳояшон

Савол: 947

Ҳукми табрик кардани кофирон дар идҳояшон чист?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Табрик кардани кофирон дар иди Кристмас ё дигар идҳои диниашон бо иттифоқи донишмандон ҳаром аст, чуноне ки Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) онро дар китоби "Аҳкому аҳли-з-зимма" нақл намуда, гуфтааст: "Аммо табрик кардан ба шаоиру маросиме, ки махсуси куфр аст, бо иттифоқи донишмандон ҳаром мебошад, монанди ин ки онҳоро дар идҳову рӯзаашон табрик намуда, бигӯяд: Идат муборак бошад, ё дар ин ид шоду хуррам бош ва ё монанди он. Агар гӯяндаи ин суханон аз куфр саломат ҳам бимонад, аммо ин амал аз ҷумлаи муҳаррамот (гуноҳони ҳаромшуда) ба ҳисоб меравад ва гуноҳи он ба манзалаи табрик кардани ӯ ба хотири саҷдааш ба салиб аст, балки гуноҳи он дар назди Аллоҳ бузургтар ва бадтар аз табрик кардан ба нӯшидани шароб, қатл, зино ва дигар гуноҳон мебошад. Бисёре аз касоне ки дин дар наздашон арзише надорад, дар он гуноҳ воқеъ мешаванд ва зиштии кори худро намефаҳманд, зеро касе ки бандаеро барои гуноҳ ё бидъат ё куфр табрик кунад, худро дар хашму ғазаби Аллоҳ қарор додааст".   Сухани Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ба охир расид.

Ҳамонгунае ки Ибни Қаййим зикр намуд, табрик кардани кофирон ба муносибати идҳои диниашон ҳаром аст, зеро табрик кардан дар ҳақиқат эътироф намудани шаоиру маросими куфрии ононро ва розӣ будан ба он аст, гарчанде ки ӯ барои худ ин амали куфрро намехоҳад ва аз он розӣ нест. Аммо барои мусулмон ҳаром аст, ки ба шаоиру маросими куфр розӣ бошад, ё дигареро ба он табрик кунад, зеро Аллоҳ таъоло аз он розӣ нест, чуноне ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

إِن تَكْفُرُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنكُمْ وَلَا يَرْضَى لِعِبَادِهِ الْكُفْرَ وَإِن تَشْكُرُوا يَرْضَهُ لَكُمْ   (سورة الزمر: 7).

«Агар носипосӣ кунед, пас (бидонед, ки) Аллоҳ аз шумо бениёз аст ва ҳаргиз носипосиро барои бандагонаш намеписандад ва агар шукри Ӯро ба ҷой оваред, онро бароятон меписандад».   (Сураи Зумар: 7).

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

اليَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الإِسْلاَمَ دِينًا  (سورة المائدة: ۳).

«Имрӯз динатонро бароятон комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом намудам ва Исломро ҳамчун дин бароятон интихоб кардам».   (Сураи Моида: 3).

Табрик кардани онҳо ба муносибати он идҳо ҳаром аст, хоҳ онон ҳамкори ӯ бошанд, ё на.

Агар онҳо моро дар идҳояшон табрик кунанд, мо ба онҳо ҷавоб намедиҳем, зеро он идҳои мо нест ва Аллоҳ таъоло аз он идҳо розӣ нест, чунки он идҳо идҳои бидъативу нав эҷодшуда дар динашон аст ва ё ин ки дар замони пеш машрӯъ буд, вале бо омадани дини Ислом мансух шудааст. Дине ки Аллоҳ онро ба воситаи Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи тамоми башарият фиристод. Аллоҳ таъоло дар ин бора фармудааст:

وَمَن يَبْتَغِ غَيْرَ الإِسْلاَمِ دِينًا فَلَن يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ   (سورة آل عمران: 85).

«Ва ҳар кас ки ғайр аз Ислом дини дигареро биҷӯяд, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва ӯ дар охират аз зиёнкорон аст».   (Сураи Оли Имрон: 85).

Қабул кардани даъвати онҳо ба ин муносибат ҳаром аст, зеро ин аз табрик кардан бадтар аст, чунки ин шарикӣ дар он ба ҳисоб меравад.

Инчунин барои мусулмонон монанд сохтани худ ба кофирон, бо баргузории чунин ҷашнҳо ва ё тӯҳфа додан ба ҳамдигар ва ё тақсим кардани шириниву хӯрок ва ё истироҳат эълон кардани он рӯз аз кору фаолият ба муносибати ингуна маросимҳо ва ғайра ҳаром мебошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе ки худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онон аст».

Шайхулислом Ибни Таймия дар китоби худ (Иқтизоу-с-сироти-л-мустақим лимухолифати асҳоби-л-ҷаҳим) гуфтааст: "Монанд сохтани худ ба онон дар баъзе аз идҳояшон боиси шод шудани онҳо нисбат ба амали ботиле мешавад, ки бар он ҳастанд. Шояд ин ҳирсу тамаи ононро барои пайдо кардани фурсати муносиб ва хор намудани бечорагон эҷод намояд".   Сухани Шайхулислом (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ба охир расид.

Касе яке аз он амалҳоро анҷом бидиҳад, гунаҳгор аст, хоҳ онро аз рӯи хушрафторӣ анҷом бидиҳад, ё аз рӯи меҳру муҳаббат анҷом бидиҳад, ё аз рӯи шарму ҳаё анҷом бидиҳад, ё ба хотири дигар сабабҳо анҷом бидиҳад, зеро ин навъе аз мудоҳанаву дурӯягӣ дар дини Аллоҳ ва яке аз сабабҳои нерӯманд сохтани нуфуси кофирон ва ифтихори онон ба динашон аст.

Аз Аллоҳ мепурсем, ки мусулмононро бо динашон иззат бидиҳад ва ба онҳо собитқадамӣ ва устувориро рӯзӣ бидиҳад ва ононро бар душманонашон пирӯз гардонад, зеро Ӯ нерӯманди шикастнопазир аст.

(Маҷмӯу фатово ва расоил-и Шайх Ибни Усаймин, 3/369).

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android