Танҳо мондани ҷавони хостгор бо номзади худ ҷоиз нест

1,325

Савол 7757

 

Оё барои ҷавони мусулмон ҷоиз аст, ки пеш аз издивоҷ бо духтаре ба вохӯрӣ бираванд? Агар (ба вохӯрӣ) бираванд, оқибати ин корашон чӣ мешавад? Ислом оиди берун рафтан (ва вохӯрӣ)-и марду зан пеш аз издивоҷ чӣ мегӯяд? 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои мард ҷоиз нест, ки бо зане, ки барояш ҳалол нест, танҳо бимонад, зеро ин омили бадахлоқиву фасодкорӣ аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

 «Ҳеҷ марде нест, ки бо зане танҳо бимонад, магар ин ки шайтон шахси саввуми онҳо хоҳад буд».
Агар мақсади дидани ӯ пеш аз тасмими издивоҷ, бидуни хилват бо ӯ дар ҳузури падараш, бародараш, модараш ва ё каси дигаре бошад ва ба ҷойҳое, ки дар аксари мавридҳо намоён аст, ба монанди рӯй, мӯй, кафи дастон ва пойҳо нигоҳ бикунад, ин мувофиқи суннат аст, модоме ки аз фитна дар амон бошад.

Сарчашма

Хостгорӣ

Сарчашма: 

Шайх Валид Ал-Фирён

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play