0 / 0
5,56312/05/2020

Савоби намози шаб

Савол: 50070

Савоби намози шаб чӣ гуна аст?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Намози шаб, суннати муаккада буда, бисёре аз оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба он тарғибу ташвиқ намуда, фазлу савоби онро баён намудаанд.

Намози шаб дар устувор гардидани имони шахс нақши калон дошта, ба банда дар иҷрои корҳои бузург мусоидати беандоза мекунад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 يَا أَيُّهَا الْمُزَّمِّلُ * قُمْ اللَّيْلَ إِلا قَلِيلا * نِصْفَهُ أَوْ انْقُصْ مِنْهُ قَلِيلا * أَوْ زِدْ عَلَيْهِ وَرَتِّلْ الْقُرْآنَ تَرْتِيلا * إِنَّا سَنُلْقِي عَلَيْكَ قَوْلا ثَقِيلا * إِنَّ نَاشِئَةَ اللَّيْلِ هِيَ أَشَدُّ وَطْئًا وَأَقْوَمُ قِيلا    المزمل/1-6.

"Эй ҷома бар худ печида! Шаб (барои гузоштани намоз) бихез магар андакеро, нисфи онро, ё ки аз он (нисф) андаке кам бикун, ё ки бар он (нисф) зиёд бикун ва Қуръонро бо тартил (оҳиста бо тадаббур) бихон. Ҳаройина мо ба зудӣ бар ту сухани вазнинеро нозил мекунем. Ҳаройина (ибодате ки) дар шаб рух медиҳад, он (дар дил) таъсири сахтар дорад ва барои гуфтор муносибтар ва устувортар аст ".    (Сураи Музаммил: 6).

Аллоҳ таъоло аҳли имон ва тақворо бо баъзе аз хислатҳои нек ва амалҳои бузург ситоиш намудааст, ки намози шаб яке аз муҳимтарини онҳост.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 إِنَّمَا يُؤْمِنُ بِآيَاتِنَا الَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُوا بِهَا خَرُّوا سُجَّدًا وَسَبَّحُوا بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَهُمْ لا يَسْتَكْبِرُونَ * تَتَجَافَى جُنُوبُهُمْ عَنِ الْمَضَاجِعِ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ خَوْفًا وَطَمَعًا وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ * فَلا تَعْلَمُ نَفْسٌ مَا أُخْفِيَ لَهُمْ مِنْ قُرَّةِ أَعْيُنٍ جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

  السجدة/15-17.

"Танҳо касоне ба оятҳои Мо имон меоваранд, ки чун бо ин оятҳо панд дода бишаванд, ба саҷда биафтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ ёд бикунанд ва онҳо такаббурӣ намекунанд. Паҳлуҳояшон аз бистарҳо баланд мешавад ва Парвардигори худро бо хавфу умед дуо мекунанд ва аз он чи ба онон ризқ додаем, садақа мекунанд. Ҳеҷ кас намедонад он чиро ки (дар ҷаннат) барои онҳо пинҳон нигоҳ дошта шудааст, аз (сабабгори) оромии чашмҳост, подоши он амалҳое, ки  мекарданд".   (Сураи Саҷда оятҳои 15-16-17)

Аллоҳ таъоло дар ҷойи дигар ононро чунин васф кардааст:

 وَالَّذِينَ يَبِيتُونَ لِرَبِّهِمْ سُجَّدًا وَقِيَامًا * وَالَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ إِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا . . . إلى أن قال : أُولَئِكَ يُجْزَوْنَ الْغُرْفَةَ بِمَا صَبَرُوا وَيُلَقَّوْنَ فِيهَا تَحِيَّةً وَسَلَامًا * خَالِدِينَ فِيهَا حَسُنَتْ مُسْتَقَرًّا وَمُقَامًا

  الفرقان/64-75.

"Ва ононе, ки барои (ризогии) Парвардигорашон шабро бо саҷдаву қиём мегузаронанд. Ва ононе, ки мегӯянд: Эй Парвардигори мо, азоби дузахро аз мо дур бигардон, ҳаройина азоби он доимӣ аст. ….

Онон ба он сабре ки карданд, барояшон манзилҳои биҳишт подош дода мешавад ва ва дар онҷо бо дуруду саломи (фариштагон) рӯ ба рӯ мегарданд. Ҷовидона дар он бошанд, қароргоҳ ва макони зебоест".   (Сураи Фурқон: 64-65 ва 75-76).

Инҷо бар фазилати шабзиндадорӣ ва фоидаи зиёд доштани он ишораест, ки аз касе пӯшида нест. Зеро он яке аз сабабҳои дур гаштан аз азоби дӯзах ва сазовор шудан ба ҷаннат ва неъматҳои доимии он ва мулоқоти Парвардигор аст. Аллоҳ таъоло моро аз ҷумлаи шахсоне, ки сазовори ин неъматҳо гаштаанд, бигардонад.

Аллоҳ таъоло дар сураи Зориёт якчанд сифати парҳезгоронро зикр намудааст, ки шабзиндадорӣ яке аз он сифатҳост, ки ба сабаби он ба ҷаннати беканор ноил гаштаанд.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

 إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ * آخِذِينَ مَا آتَاهُمْ رَبُّهُمْ إِنَّهُمْ كَانُوا قَبْلَ ذَلِكَ مُحْسِنِينَ * كَانُوا قَلِيلا مِنَ اللَّيْلِ مَا يَهْجَعُونَ   الذاريات/15-17.

"Ҳаройина, парҳезгорон дар боғҳову чашмасорон бошанд. Он чи Парвардигорашон барояшон додааст, бигиранд. Ҳаройина, онҳо пеш аз он (дар дунё) некӯкор буданд. Онҳо андаке аз шабро мехобиданд (ва бақияи шабро бо намоз мегузарониданд)".   (Сураи Зориёт: 15-17).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадисҳои зиёде ба намози шаб ташвиқу тарғиб намудааст. Аз ҷумлаи чунин ҳадисҳо:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:   

"Беҳтарин намоз баъд аз намози фарз намози шаб аст".   Ривояти Муслим (1163).

Ичунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:   

"Намози шабро барои худ лозим гиред, зеро он одати солеҳони пеш аз шумо буда ва он наздик шудан ба сӯи Парвардигоратон ва каффоракунандаи гуноҳон ва аз гуноҳ боздоранда аст".   Ривояти Тирмизӣ (3549). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ирвоу-л-ғалил" (452) ҳасан шуморидааст.

"Зеро он одати солеҳон" Яъне он одат ва ҳолати доимии онон буд.

"Ва он наздик шудан ба сӯи Парвардигоратон" Яъне он яке аз василаҳоест, ки банда бо воситаи он ба Аллоҳ таъоло наздик мешавад.

"Ва каффоракунандаи гуноҳон" Яъне гуноҳонро каффора ва нобуд месозад.

"Ва аз гуноҳ боздоранда" Яъне аз анҷом додани гуноҳ боз медорад. Аллоҳ таъоло фармудааст:  

 إِنَّ الصَّلاةَ تَنْهَى عَنْ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ 

"Ҳароина намоз (инсонро) аз гуноҳ ва зишткорӣ бозмедорад".

Аз Амр ибни Мурраи Ҷуҳанӣ ривоят аст, ки гуфт:  Марде аз Қузоъа назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омада гуфт: Эй  расулуллоҳ,  ба ман бигӯ, ки агар ман гувоҳӣ диҳам, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ба ҷуз Аллоҳ нест ва ту фиристода ва паёмбари Аллоҳ ва намозҳои панҷгонаро бихонам, рӯзаи моҳ (-и Рамазон)-ро бидорам, дар Рамазон  шабзиндадорӣ кунам ва закотро бидиҳам. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шахсе, ки бар ин ҳолат вафот кунад, аз ҷумлаи сиддиқон ва шаҳидон хоҳад буд".   Ривояти Ибни Хузайма. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи Ибни Хузайма" (2212) саҳеҳ шуморидааст.

Тирмизӣ (1984) аз Алӣ ривоят кардааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Дар ҷаннат хонаҳоест, ки беруни он аз дарунаш дида мешавад ва дарунаш аз берунаш". Аъробие аз ҷояш хеста гуфт: Эй расулуллоҳ, ин хона барои кист? Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Барои шахсест, ки сухани нек гуфт, хӯрок дод, бардавом рӯза гирифт ва шаб дар ҳоле, ки мардум хобанд, намоз хонд".

Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" ҳасан шуморидааст.

Ҳоким ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҷабраил ба назди ман омада гуфт: Эй Муҳаммад, чи қадаре ки бихоҳӣ зиндагӣ бикун, пас бешак, ту мемирӣ ва касеро, ки бихоҳӣ, дӯст бидор, пас бешак, ту аз ӯ ҷудо хоҳӣ шуд ва чизе, ки хоҳӣ амал бикун, пас бешак подоши он ба ту дода мешавад. Бидон, ки шарафи мӯъмин дар намози шаби ӯст ва иззати ӯ аз бениёз будани ӯ аз мардум аст".   Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (73) ҳасан шуморидааст.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки дар намози шаб даҳ оят бихонад, аз ҷузъи ғофилон навишта намешавад. Касе, ки дар намози шаб сад оят бихонад, аз ҷузъи қонитон (фармонбардорон) навишта мешавад. Касе, ки дар намози шаб ҳазор оят бихонад, аз ҷузъи муқантирин (соҳибони аҷри бисёр бузург) навишта мешавад".   Ривояти Абудовуд (1398). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби Саҳиҳи Абудовуд саҳеҳ донистааст.

Муқантирин – Онҳо шахсонеанд, ки барояшон як қинтор савоб дода шудааст.

Қинтор – миқдори зиёди тиллоро гӯянд. Аксарияти донишмандони илми луғат бар онанд, ки он чаҳор ҳазор динор аст.

Гуфта шудааст, ки қинтор пӯсти барзагови пур аз тилло аст. Гуфта шудааст, ки ҳаштод ҳазор. Гуфта шудааст, ки ҷамъи зиёди номаълум аз мол аст.

Ба китобаи "Ан-ниҳоя фӣ ғариби-л-ҳадис"-и Ибни Касир нигар.

Мақсад аз ин ҳадис бузург будани савоби касест, ки дар намози шаб ҳазор оят хондааст.

Табаронӣ ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаст: "Қинтор беҳтар аз дунё ва он чизе ки дар он аст".   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби Саҳиҳу-т-тарғиб (638) ҳасан шуморидааст.

Фоида:

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар гуфтааст: "Аз сураи Таборак то охири Қуръон ҳазор оят аст". Поёни сухан.

Пас шахсе, ки дар намози шаб аз сураи Таборак оғоз карда, то охири Қуръон бихонад, дар намози шаб ҳазор оят хондааст.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android