Оё 100 маротиба хондани Фотиҳа барои дархост аз Аллоҳ таъоло машрӯъ аст?

766

Савол 3219

Оё ҳадисе вуҷуд дорад, ки оиди 100 маротиба хондани Фотиҳа барои дархости баракат тавсия намояд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ягон далели саҳеҳе вуҷуд надорад, ки банда ҳангоми аз Аллоҳ талаб кардани чизе, 100 маротиба Фотиҳаро бихонад. Аз ин рӯ, бо он амал кардан ҷоиз нест. Шумо бояд ба суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пайравӣ кунед ва Аллоҳро бо номҳову сифатонаш бихонед ва ба сӯи Ӯ бо он василаҷӯӣ кунед.
Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَلِلهِ الأَسْمَاءُ الْحُسْنَى فَادْعُوهُ بِهَا

سورة الأعراف: ١٨٠

«Ва зеботарин номҳо аз они Аллоҳ аст, пас Ӯро ба он (номҳо) бихонед».   (Сураи Аъроф: 180). 

Сураи Фотиҳа бузургтарин сураи Қуръон аст, пас ҳар вақт, ки бихоҳед, метавонед онро бидуни шумора ва шеваи муайяне, ки дар Шариъат наомадааст, бихонед.
Аллоҳ мову шуморо ба тамоми хайр муваффақ намояд.

Сарчашма

Бидъат

Сарчашма: 

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play