0 / 0
2,31802/07/2020

Ҳукми хобидан баъди бомдод ва аср

Савол: 2063

Оё дар мавриди хобидан баъди бомдод ягон ҳукме вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар мавриди хобидан баъди намози бомдод ягон матне (далеле дар Қуръону ҳадис) ворид нашудааст, ки онро манъ кунад. Аз ин хотир он бар асли худ (яъне мубоҳ) боқӣ мемонад.

Аммо аз ҷумлаи суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагони ӯ ин буд, ки онҳо ҳангоме ки намози бомдодро адо менамуданд, то баланд шудани офтоб, дар ҷои намози худ менишастанд. Чуноне, ки дар "Саҳиҳи Муслим 1/463, рақами ҳадис 670" аз  Симок ибни Ҳарб ворид шудааст, ки гуфт: Ба Ҷобир ибни Самура (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтам: Оё ту бо расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамнишинӣ мекардӣ? Гуфт: Бале, бисёр. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз ҷое, ки намози бомдодро дар он мехонд, то баланд шудани офтоб намехест. Ҳангоме ки офтоб мебаромад, аз ҷои худ мехест. Саҳобагон дар бораи умури ҷоҳилият бо як дигар сӯҳбат мекарданду механдиданд ва расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) табассум менамуд.

Инчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Парвардигори худро пурсид, то ки ба субҳгоҳони (аввали рӯзи) умматаш барака диҳад. Чуноне, ки дар ҳадиси Сахр ал-Ғомидӣ омадааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Эй Аллоҳ! Ба субҳгоҳони умматам барака деҳ". Гуфт: Чун сария ё лашкареро мефиристод, онҳоро дар аввали рӯз мефиристод. Сахр тоҷир буд ва тиҷорати худро дар аввали рӯз мефиристод. Аз ин рӯ сарватманд шуда, моли зиёдеро дарёфт кард.   Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ ва Ибни Моҷа бо санаде, ки дар он ибҳом ва ҷаҳл аст. Ривоятҳои дигар, ҳадиси Алӣ, Ибни Умар, Ибни Аббос, Ибни Масъуд ва дигарон (Аллоҳ аз ҳамаи онҳо хушнуд бод) ҳадиси собиқро қувват медиҳанд.   

Аз ин рӯ баъзе аз гузаштагон баъди бомдод хобиданро макрӯҳ донистаанд. Ибни Абушайба дар китоби Мусаннафи худ (5/222, рақами ҳадис 25442) бо санади саҳеҳ аз Урва ибни Зубайр ривоят кардааст, ки гуфт: Зубайр писаронашро аз хобидан дар субҳ манъ мекард. Урва гуфт: Ман шунавам, ки марде дар субҳ мехобад, аз ӯ рӯй мегардонам.

Хулоса: Барои инсон беҳтар аст, ки ин вақтро бо амалҳое гузаронад, ки ба дунёву охирати ӯ фоида бахшад. Агар дар ин вақт бихобад, то ки барои кор қувват бигирад, боке надорад. Хусусан агар барояш рӯзона хобидан дар ғайри ин вақт муяссар намешуда бошад.

Ибни Абушайба дар китоби Мусаннафи худ (5/223, рақами ҳадис 25454) аз Абуязид ал-Мадинӣ ривоят кардааст, ки гуфт: Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ба назди Суҳайб рафт ва дид, ки ӯ баъди бомдод хобидааст. Умар то бедор шудани Суҳайб нишаст. Суҳайб гуфт: Амири мӯъминон нишаста ва Суҳайб хобидааст? Умар ба ӯ гуфт: Дӯст надоштам хобе, ки ба ту манфиат мебахшад, тарк намоӣ.

Аммо баъди аср хобидан, ҷоиз ва ҳам мубоҳ аст.

Дар мавриди хобидан дар ин вақт ягон манъе аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит нашудааст.

Аммо ҳадисе, ки ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат дода мешавад: "Касе, ки баъди аср хобид ва ақлаш рабуда шуд, танҳо худашро сарзаниш кунад".   Ин ҳадис ботил аст. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит намебошад. Нигар ба "Ассилсилатуз заъифа, рақами: 39".

   Аллоҳ донотар аст.  

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android