Оё Узайр ном гузоштан ҷоиз аст?

1,837

Савол 12350

Ман кӯдаки ҳафт моҳа дорам. Ба ӯ "Узайр" ном гузоштем. Шахсе ба мо гуфт, ки ин номи яҳудӣ аст. Аммо ман шунидаам, ки ин ном дар Қуръон омадааст. Аз ин хотир, оё ҷоиз аст, ки ӯ бо ин ном боқӣ бимонад ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Узайр номи яҳудӣ аст. Вале он дар Қуръони карим дар мавриди cарзаниши яҳудиён омадааст, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَقَالَتِ الْيَهُودُ عُزَيْرٌ ابْنُ اللَّهِ وَقَالَتِ النَّصَارَى الْمَسِيحُ ابْنُ اللَّهِ ذَلِكَ قَوْلُهُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ

"Яҳуд гуфтанд, ки Узайр писари Аллоҳ аст ва насоро гуфтанд, ки Масеҳ писари Аллоҳ аст. Ин суханест, ки бо забонҳояшон мегӯянд".   (Сураи Тавба: 30).

Ҳофиз ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Бидояту ва-н-ниҳоя" фармудааст:

Дидгоҳи машҳур ин аст, ки Узайр яке аз паёмбарони Банӣ Исроил мебошад.

Аз ин хотир, номгузорӣ бо он ҳеҷ боке надорад, модоме, ки нисбати яҳудиён дар қалб майле надошта бошад ва инчунин бо сабаби ҳамсоягӣ бо онон таъсире нагирифта бошад.

Ихтилоф дар мавриди паёмбарии ӯ дар байни донишмандон маъруфу машҳур аст.    

Сарчашма

Номҳо, кунияҳо ва лақабҳо

Сарчашма: 

Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play