Кадомаш беҳтар аст: Қиёмуллайл ё қироати Қуръон?

1,347

Савол 108278

Агар инсон дар шаб бедор шавад, кадом амал (барояш) беҳтар аст: Намоз ё қироати Қуръон?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Намоз аз қироати Қуръон берун аз намоз беҳтар аст. Имомони донишмандон инро баён намудаанд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Бар роҳи рост истиқомат варзед. Шумо ҳаргиз наметавонед ҳаққи истиқомат ва пойдорӣ дар динро ба ҷой оваред. Бидонед, ки беҳтарин аъмоли шумо намоз аст. Танҳо мӯъмин ба вузӯ пойбанд аст».

Аммо агар барои шахсе ҳангоми хондани Қуръон дар берун аз намоз таваҷҷӯҳ, тадаббур ва фаҳмиш ҳосил шавад, дар ҳаққи ӯ беҳтар аст, ки кореро анҷом бидиҳад, барояш судманд бошад". Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Шайхулислом Ибни Таймия (23/62).

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Намози нофила

Сарчашма: 

Ислом савол ва ҷавоб

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play