
Омӯз бо сайт
Ақида
Мавзӯҳоеро дарбар мегирад, ки мутааллиқ ба ончи мусулмон бояд дар ҳаққи Аллоҳ таъоло ва боқимондаи аркони шашгонаи имон ва дигар масъалаҳои ғайбӣ эътиқод дошта бошад ва инчунин масоилеро дарбар мегирад, ки бо он ақида зиддият ва мухолифат мекунад, ки бояд аз он парҳез карда шавад.
Ҳадис ва улуми ҳадис
Мавзӯҳои алоқаманд ба гуфтору кирдори паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо шарҳу эзоҳи баъзе аз маъноҳои ҳадис ва баррасии ҳолати ҳадис аз ҷиҳати санаду матн ва саҳеҳу заиф будан ва қоидаҳои шинохти он дарҷ ёфтаанд.
Қуръон ва улуми Қуръон
Мавзӯҳои алоқаманд ба Қуръони карим, нузулу таҷвид ва тафсиру эъҷози он ва фазоили Қуръон ва сураҳову оятҳои он ва аҳкоми мусҳаф ва расми он ва дигар масоил дарҷ ёфтаанд.
Фиқҳи хонавода
Мавзӯҳои алоқаманд ба хонаводаи мусулмон аз оғози нашъату пайдоиши он, хостгорӣ, никоҳ ва шартҳои он ва ҳуқуқи зану шавҳарӣ, ба монанди нафақа ва хушрафторӣ ва инчунин масъалаҳое, ки дар натиҷаи ҷудошавии зану шавҳар ба вуҷуд меоянд, ба монанди ҳизона (парастории кӯдакон), идда ва ғайра ва ҳамчунин никоҳҳои ботил дарҷ ёфтаанд.
Фиқҳ ва усули он
Мавзӯҳои алоқаманд ба чизҳое, ки бар мусулмон анҷом додан ё тарки он зарур аст ва умури мутааллиқ ба ибодот, муомилот, одот, либос, таомҳо, тиббу табобат ва дигар масоиле, ки ҷаҳл ба он ҷоиз нест ва қоидаҳои истинботи аҳкоми фиқҳӣ аз матнҳои шаръӣ дарҷ гардидаанд.
Одобу ахлоқ ва рақоиқ (нармкунандаҳои дилҳо)
Мавзӯҳои алоқаманд ба хислатҳои нек ва одоби умумӣ (хӯрдан, нӯшидан, хобидан ва ба монанди он) ва ахлоқи писандида ва ахлоқи бад, ки бояд мусулмон ҳангоми муомила бо мардум аз он дурӣ ҷӯяд, дарҷ гардида ва инчунин роҳҳои ислоҳ намудани дил ва тааллуқи он ба Аллоҳ таъоло ва охират баён шудааст.
Илму даъват
Мавзӯҳои алоқаманд ба талаби илми шаръӣ ва одоби он ва сабабҳои кӯмаккунанда дар ин роҳ ва мавқеи Ислом оиди дигар илмҳо ва роҳҳои нашру таблиғи Ислом ба ҳамаи мардум дарҷ ёфтаанд.
Мушкилоти руҳӣ ва иҷтимоӣ
Мавзӯҳои алоқаманд ба табобати бемориҳои руҳӣ, ба монанди васваса, тарс, харобшавии асаб, худкушӣ ва дигар мушкилоти оилавӣ, бо баён намудани посухи боризтарин мушкилоте, ки барои марду зани мусулмон дар робитаҳои иҷтимоӣ пеш меояд, дарҷ ёфтаанд.
Таърих ва сират
Мавзӯҳои алоқаманд ба оғози офариниш ва пайдоиши махлуқот ва воқеаҳои гузашта ва зиндагонии паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва мавзеъгириҳои ӯ ва муомилаи некӯи ӯ бо мардум ва маноқибу фазилатҳои ашхос, тоифаҳо ва маконҳо дарҷ ёфтаанд.
Тарбия
Мавзӯҳои алоқаманд ба баёни роҳҳои беҳтарин барои тарбияи нафс ва расидан ба сатҳи камолот ва инчунин мавзӯҳои алоқаманд ба баёни беҳтарин роҳу равиш дар тарбияву нигоҳубини фарзандон ва муҳофизат кардани онон аз хатарҳои мавҷудбуда дар ҷомеа дарҷ ёфтаанд.
Сиёсати шаръӣ
Мавзӯҳои алоқаманд ба риояти манфиатҳои уммат ва идоракунии корҳои онон, хоҳ дар умури дохилӣ бошад, ё робитаҳои хориҷии байни кишварҳо, мувофиқи мақосиди шариати исломӣ дарҷ ёфтаанд.