0 / 0
2,77529/08/2020

ФАЗИЛАТИ МОҲИ АЛЛОҲ, МУҲАРРАМ

Фазилати моҳи Аллоҳ, Муҳаррам

 

Ҳамду сано барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён ва дуруду паём бар паёмбарамон Муҳаммад, хотами (охирини) паёмбарон ва саййиди фиристодагон ва бар ҳамаи олу асҳоби ӯ бод.

Ва баъд: Моҳи Аллоҳ, моҳи Муҳаррам, моҳи бузург ва муборак аст ва аввалин моҳи соли ҳиҷрӣ ва яке аз моҳҳои ҳаром мебошад, ки Аллоҳ таъоло дар фазли он фармудааст:

إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِنْدَ اللَّهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فِي كِتَابِ اللَّهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ

  سورة التوبة: 36.

«Ҳамоно шумораи моҳҳо назди Аллоҳ таъоло аз он рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офарид, дар китоби Аллоҳ таъоло дувоздаҳ моҳ аст. Аз ин (дувоздаҳ моҳ) чаҳор моҳ ҳаром аст. Ин дини дурусту устувор аст. Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед».   (Сураи Тавба: 36).

Аз Абубакра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармудааст: "Сол дувоздаҳ моҳ аст, ки чаҳор моҳи он моҳҳои ҳаром аст, се моҳ пайдарпай, Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа ва Муҳаррам, ва Раҷаби Музар, ки байни моҳҳои Ҷумодо ва Шаъбон аст".   Ривоят Бухорӣ (2958).

Моҳи Муҳаррам ба хотири аз моҳҳои ҳаром будан ва барои таъкиди ҳаром буданаш Муҳаррам номида шудааст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ

«Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед».   (Сураи Тавба: 36).

Яъне дар ин моҳҳои ҳаром (бар худ зулм накунед), зеро он муаккадатар ва гуноҳаш аз дигар моҳҳо бузургтар аст.

Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) оиди ояти зерин гуфтааст:

فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ

«Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед».   (Сураи Тавба: 36).

Дар ҳамаи ин моҳҳо (бар худ зулм накунед), сипас аз он моҳҳо чаҳор моҳро махсус гардонида, он чаҳор моҳро ҳаром қарор дод ва ҳурмати ин чаҳор моҳро бузург гардонид ва гуноҳро дар ин моҳҳо бузургтар ва амали солеҳу савобро низ бузургтар қарор додааст.

Қатода оиди ояти зерин гуфтааст:

فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ

«Пас, дар ин (чаҳор моҳ) бар худ зулм накунед».   (Сураи Тавба: 36).

"Гуноҳи зулм дар моҳҳои ҳаром нисбат аз зулм дар моҳҳои дигар бузургтар ва бадтар аст. Гарчанде, ки зулм дар ҳар ҳол гуноҳи бузурге дорад, вале Аллоҳ ҳар як амрҳояшро, ки бихоҳад, бузургтар мегардонад, ва гуфт: Аллоҳ аз миёни халқи худ баргузидагоне интихоб кард, аз миёни фариштагон фиристодагонеро интихоб намуд ва аз миёни мардум паёмбаронеро интихоб кард ва аз миёни суханон зикри худро интихоб намуд ва аз замин масҷидҳоро ва аз миёни моҳҳо моҳи Рамазон ва моҳҳои ҳаромро ва аз рӯзҳо рӯзи ҷумъаро ва аз шабҳо шаби қадрро интихоб кард, пас ончиро, ки Аллоҳ таъоло бузург доштааст, бузург донед. Чунки умур дар назди аҳли фаҳму ақл бар асоси ончи, ки Аллоҳ таъоло бузург доштааст, бузург дониста мешавад". 

Мухтасаран аз тафсири Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод), тафсири сураи Тавба, ояи 36 ба охир расид.

Фазилати бисёр рӯзаи нофила гирифтан дар моҳи Муҳаррам

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Беҳтарин рӯза баъд аз Рамазон, рӯзаи моҳи Аллоҳ, Муҳаррам мебошад".   Ривояти Муслим (1982).

Дар ҳадис омадааст: (Моҳи Аллоҳ). Нисбат додани моҳ ба Аллоҳ аз рӯи бузургдошт аст.

Қорӣ гуфтааст: Зоҳиран мақсад аз он ҳамаи (рӯзҳои) моҳи Муҳаррам аст.

Вале собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳеҷ моҳеро ба ғайри Рамазон пурра рӯза нагирифтааст. Аз ин хотир, ин ҳадис бар тарғиби зиёд рӯза гирифтан дар моҳи Муҳаррам ҳамл карда мешавад, на ба рӯза гирифтани ҳамаи (рӯзҳои) он.

Дар моҳи Шаъбон бисёр рӯза гирифтани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст. Шояд фазилати Муҳаррам ба ӯ ваҳй нашуда буд, магар дар охири ҳаёташ, пеш аз ин ки ба рӯза доштан имконият пайдо кунад ..   Шарҳи Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) бар Саҳиҳи Муслим.

Аллоҳ ҳар замону маконеро, ки бихоҳад интихоб менамояд.

Изз ибни Абдуссалом (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Бартарии маконҳову замонҳо бар ду қисм аст:

Аввал: Дунявӣ.

Дуввум: Бартарии динӣ ба ин бармегардад, ки Аллоҳ бар бандагони худ бахшоиш намуда ва савоби амалкунандагонро дар он бештар мегардонад, ба монанди бартарии рӯзаи Рамазон аз рӯзаи дигар моҳҳо ва инчунин рӯзаи рӯзи Ошуро . . Фазли он ба бахшоишу некӯии Аллоҳ бар бандагонаш дар он вобаста аст ..   Қавоъиду-л-аҳком (1/38).

Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад ва ба олу саҳобагони ӯ бод.

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android