0 / 0
1,18417/08/2021

ҲУКМҲО ВА МАСЪАЛАҲОИ РӮЗАИ РӮЗИ ОШУРО

Ошуро дар таърих

Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина омад ва дид, ки яҳудиён дар рӯзи Ошуро рӯза мегиранд, пас фармуд: Ин чист? Гуфтанд: Ин рӯзи нек аст. Дар ин рӯз Аллоҳ Банӣ Исроилро аз душманашон наҷот дод, пас Мӯсо онро рӯза гирифт. Паёмбар фармуд: Ман аз шумо ба Мӯсо сазовортар мебошам. Пас онро рӯза гирифт ва ба рӯза гирифтани он рӯз амр кард».   Ривояти Бухорӣ: 1865.

Дар ин ривоят омадааст: «Ин рӯзи нек аст». Дар ривояти Муслим чунин омадааст: «Ин рӯзи бузурге аст, ки Аллоҳ таъоло дар он рӯз Мӯсо ва қавмашро наҷот дод ва фиръавн ва қавмашро ғарқ намуд». Дар ҳадис омадааст: «Пас Мӯсо онро рӯза гирифт». Дар ривояти Муслим ҷумлаи зерин илова карда шудааст: «Барои шукри Аллоҳ таъоло, пас мо низ дар он рӯз рӯза мегирем». Дар ривояти Бухорӣ чунин омадааст: «Мо онро барои бузургдошти он рӯз рӯза мегирем». Дар ривояти Имом Аҳмад ҷумлаи зерин илова шудааст: «Он рӯзест, ки дар он рӯз киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ қарор гирифт, пас Нуҳ онро барои шукргузорӣ рӯза гирифт».

Дар ҳадис омадааст: «Ва ба рӯза гирифтани он рӯз амр кард». Дар ривояти Бухорӣ омадааст: «Пас ба саҳобагонаш фармуд, ки шумо аз онон ба Мӯсо сазовортаред, пас дар он рӯз рӯза бигиред».

Рӯзаи Ошуро ҳатто дар айёми ҷоҳилият пеш аз рисолати паёмбарӣ маълум буд. Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки мефармояд: "Мардум дар даврони ҷоҳилият (яъне пеш аз Ислом) дар ин рӯз рӯза мегирифтанд". . . Қуртубӣ гуфтааст: Шояд қурайшиён бар асоси шариати гузаштагон, ба монанди Иброҳим (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар он рӯз рӯза мегирифтанд.

Ҳамчунин собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Ошуроро дар Макка пеш аз ҳиҷрат ба Мадина рӯза мегирифт. Ҳангоме ки ба Мадина ҳиҷрат кард, дид, ки яҳудиён он рӯзро ҷашн мегиранд, аз онон сабаби онро пурсид. Ба ӯ чуноне ки дар ҳадиси собиқ зикр шуд, ҷавоб доданд. Ӯ дастур дод, ки бо яҳудиён дар мавриди ид қарор додани рӯзи Ошуро мухолифат варзанд, чуноне ки дар ҳадиси Абумусо (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки мегӯяд: «Яҳудиён рӯзи Ошуроро ҳамчун ид ҷашн мегирифтанд». Дар ривояти Муслим омадааст: «Яҳудиён рӯзи Ошуроро бузург медонистанд ва онро ид қарор медоданд». Ва дар ривояти дигари Муслим омадааст: «Мардуми Хайбар (яҳудиён) онро ҷашн мегирифтанд ва занони онҳо дар он рӯз ҷавоҳирот ва либосҳои зебои худро мепӯшиданд». Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Пас шумо дар он рӯз рӯза бигиред».   Ривояти Бухорӣ.

Зоҳиран сабаби дастури паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба рӯза гирифтани он рӯз ин дӯст доштани мухолифифат бо яҳудиён аст, то мусулмонон дар он вақте ки яҳудиён хӯрок мехӯранд, рӯза бигиранд, зеро мардум дар рӯзи ид рӯза намегиранд. (Суханони Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аз китоби Фатҳу-л-борӣ шарҳи сахиҳи Бухорӣ мухтасаран ба паён расид).

Рӯзаи Ошуро як қадами тадриҷӣ бар машрӯъ ва фарз шудани рӯза буд. Рӯза се марҳала дорад. Ҳангоме ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина омад, ба мусулмонон дастур дод, ки се рӯз аз ҳар моҳ ва дар рӯзи Ошуро рӯза бигиранд. Сипас Аллоҳ таъоло бо ояти зерин рӯзаро бар мусулмонон фарз гардонид:

 كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ    (سورة البقرة: ١٨٣).

«Рӯза бар шумо фарз шудааст».   (Сураи Бақара: 183).

(Китоби Аҳкому-л-Қуръон-и Ал-Ҷассос, ҷилди 1).

Фарзият аз рӯзаи Ошуро ба рӯзаи Рамазон интиқол дода шуд ва ин яке аз далелҳост дар усули фиқҳ, ки метавонад як чизи сабуктар ба вазнинтар мансух шавад.

Пеш аз мансух шудани фарзияти рӯзаи Ошуро, рӯзаи он рӯз фарз буд, чунки ба ин амал дастур шуда буд. Сипас ба ин амал боз таъкид карда шуд, пас бо фармони умумӣ ба ин чиз таъкиди бештар карда шуд ва пас аз он, бори дигар бо дастур додан ба модарон, то ин ки ба навзодони худ дар ин рӯз шир надиҳанд, ба ин чиз таъкиди бештар карда шуд. Дар "Саҳиҳ"-и Муслим аз Ибни Масъуд собит шудааст, ки мегӯяд: "Ҳангоме ки рӯзаи Рамазон фарз гардид, рӯзаи Ошуро бардошта шуд". Фатҳу-л-борӣ (4/247). Яъне ҳукми фарз буданаш бардошта шуд, аммо мустаҳаб будани он боқист.

Фазилати рӯзаи Ошуро

Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро надидаам, ки ба рӯзае он қадар аҳамият диҳад ва онро аз дигар рӯзҳо бартар бидонад, магар рӯзаи рӯзи Ошуро ва ин моҳ, яъне моҳи Рамазон».   Ривояти Бухорӣ (1867).

Маънои "аҳамият медод" яъне ба рӯзаи он рӯз азм менамуд, то савоби онро ба даст биёварад ва ба он тарғибу ташвиқ менамуд.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аз Аллоҳ чунин умед дорам, ки рӯзаи рӯзи Ошуро гуноҳони як соли гузаштаро каффора мекунад».   Ривояти Муслим: 1976.

Ин фазли Аллоҳ таъоло бар мост, ки бо сабаби рӯзаи як рӯз гуноҳони як соли комилро каффора мекунад. Аллоҳ таъоло соҳиби фазли бузург аст.

Ошуро кадом рӯз аст?

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Ошуро (عاشوراء) ва Тосуъо (تاسوعاء) исмҳое мебошанд, ки аломати мад доранд, ки ин чиз дар китобҳои луғат машҳур аст. Асҳобамон гуфтаанд: Ошуро рӯзи даҳуми Муҳаррам ва Тосуъо рӯзи нӯҳуми Муҳаррам аст. Ин дидгоҳи мазҳаби мо мебошад ва ҳамчунин аксарияти донишмандон бар ин назаранд. . . Ин маънои зоҳирии ҳадисҳо ва мафҳуми лафзи он аст ва ин дар назди олимони луғат маълум аст.   (Ал-Маҷмуъ).

Ошуро номи исломӣ аст, ки дар замони ҷоҳилият маъруф набуд. (Кашшофу-л-қиноъ, ҷилди 2, рӯзаи Муҳаррам).

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Ошуро рӯзи даҳуми Муҳаррам аст. Ин дидгоҳи Саид ибни Мусаййиб ва Ҳасан аст. Ибни Аббос ривоят карда мегӯяд: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба рӯзаи рӯзи Ошуро, даҳуми Муҳаррам амр кард». Тирмизӣ ин ҳадисро ривоят карда гуфтааст: Ҳадиси ҳасану саҳеҳ. Аз Ибни Аббос ривоят шудааст, ки мегӯяд: Нӯҳум, ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи нӯҳум рӯза медошт. Муслим ин ҳадисро бо маънояш ривоят кардааст. Ато аз ӯ (Ибни Аббос) ривоят кардааст, ки ӯ мегӯяд: «Дар рӯзи нӯҳуму даҳум рӯза бигиред ва ба яҳудиён монанд нашавед». Ҳар гоҳ ин собит бошад, мо метавонем бигӯем, ки рӯзаи нӯҳуму даҳум бо ҳамин сабаб мустаҳаб аст. Аҳмад дар ин бора тасреҳ намудааст ва ин дидгоҳи Исҳоқ мебошад.

Мустаҳаб будани рӯзаи рӯзи Тосуъо (рӯзи нӯҳуми моҳи Муҳаррам) бо ҳамроҳи Ошуро

Абдуллоҳ ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ҳангоме, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи Ошуро рӯза гирифт ва ба рӯза гирифтани он амр намуд, саҳобагон гуфтанд: Эй расулуллоҳ, ин рӯзест, ки яҳудиён ва насрониён онро бузург медонанд. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Агар соли оянда биёяд, агар Аллоҳ бихоҳад, дар рӯзи нӯҳум низ рӯза мегирем». Ибни Аббос гуфт: Соли оянда наомад, магар ин ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) вафот кард.   Ривояти Муслим: 1916.

Шофеӣ, асҳоби ӯ, Аҳмад, Исҳоқ ва дигарон гуфтаанд: Рӯза гирифтани рӯзи нӯҳум ва даҳум бо ҳам мустаҳаб аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи даҳум рӯза гирифт ва ният кард, ки дар рӯзи нӯҳум низ рӯза бигирад.

Аз ин рӯ, рӯзаи Ошуро якчанд мартаба дорад, ки пасттарини он танҳо дар рӯзи Ошуро рӯза гирифтан ва баландтарини он рӯза гирифтани рӯзи нӯҳум бо ҳамроҳии рӯзи Ошуро аст. Чанд қадаре, ки зиёд дар моҳи Муҳаррам рӯза гирифта шавад, ҳамон қадар беҳтару хубтар аст.

Ҳикмат аз мустаҳаб будани рӯзаи рӯзи Тосуъо (рӯзи нӯҳуми моҳи Муҳаррам)

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Донишмандон аз асҳобамон ва дигарон оиди ҳикмати мустаҳаб будани рӯзаи Тосуъо (рӯзи нӯҳуми Муҳаррам) якчанд ваҷҳро зикр кардаанд. (Аввал). Мақсад аз он мухолифат бо яҳудиён аст, ки онҳо танҳо дар рӯзи даҳум рӯза мегирифтанд ва ин аз Ибни Аббос ривоят шудааст. (Дуввум). Мақсад аз он пайваст намудани рӯзаи Ошуро ба рӯзаи дигар мебошад. Чуноне, ки наҳй намудааст, ки танҳо дар рӯзи ҷумъа рӯза гирифта шавад. Инро Хаттобӣ ва дигарон зикр кардаанд. (Саввум). Эҳтиёт оиди рӯзаи даҳум аз тарси он ки моҳ ноқис бошад ва саҳву хатогӣ рух диҳад, пас дар ин ҳолат рӯзи нӯҳум дар адад ҳамон даҳум мебошад. Поёни сухан.

Пурқувваттарини ин ваҷҳҳо мухолифат бо аҳли китоб аст. Шайху-л-ислом Ибни Таймийя (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадисҳои зиёде аз монандӣ бо аҳли китоб манъ кардааст, ба монанди сухани ӯ оиди рӯзаи Ошуро, ки фармудааст: «Агар то соли оянда зинда бимонам, ҳатман дар рӯзи нӯҳум низ рӯза мегирам».   Ал-Фатово-л-кубро, ҷилди 6, боби бастани ҳар роҳе, ки ба ҳаромҳо мебарад.

Ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар шарҳи ин ҳадис гуфтааст: (Агар то соли оянда боқӣ бимонам, ҳатман дар рӯзи нӯҳум низ рӯза мегирам).

"Он тасмиме, ки барои рӯзаи рӯзи нӯҳум гирифт, эҳтимол аст маънояш чунин бошад, ки ба ин рӯз кифоягӣ накунад, балки онро ба рӯзи даҳум изофа намояд, ё аз рӯи эҳтиёт ва ё аз рӯи мухолифат бо яҳудиёну насрониён аст, ки ин саҳеҳтарин дидгоҳ мебошад ва баъзе аз ривоятҳои Муслим инро баён мекунад".   Фатҳу-л-борӣ (4/245).

Ҳукми танҳо дар рӯзи Ошуро рӯза гирифтан

Шайху-л-ислом гуфтааст: Рӯзаи рӯзи Ошуро каффораи (гуноҳони) як сола мебошад ва танҳо дар он рӯз рӯза гирифтан макруҳ намебошад. . . "Ал-Фатово-л-кубро", ҷилди: 5.

Дар китоби "Туҳфату-л-муҳтоҷ"-и Ибни Хаҷари Ҳайтамӣ омадааст: Оиди рӯзаи рӯзи Ошуро бошад, танҳо дар он рӯз рӯза гирифтан ҳеҷ боке надорад. Ҷилди 3, боби рӯзаи нофила.

Дар рӯзи Ошуро рӯза гирифта мешавад, гарчанде ки он рӯз ба шанбе ё ҷумъа рост ояд

Таҳовӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

«Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба рӯзаи рӯзи Ошуро рухсат дод ва моро ба он тарғибу ташвиқ намуд». Ӯ нагуфт, ки агар он рӯз ба рӯзи шанбе рост ояд, рӯза нагиред. Ин далели он аст, ки ҳамаи рӯзҳо ба он дохил аст.

Дар назди мо, боз Аллоҳ донотар аст, агар он (яъне наҳй аз рӯзаи рӯзи шанбе) собит ҳам бошад, мумкин аст, рӯзаи рӯзи шанбе танҳо ба он хотир манъ шудааст, то он рӯз бузург дониста нашавад (ва эҳтиром карда нашавад) ва аз хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ худдорӣ карда нашавад, чуноне ки яҳудиён мекунанд. Аммо касе, ки рӯзаи рӯзи шанберо на ба хотири бузургдошти он рӯз ва на ба ин хотир ки он рӯзи мубораки яҳудиён аст, анҷом бидиҳад, пас ин амал макрӯҳ нест. . .   Китоби "Мушкилу-л-осор" ҷилди 2, боби рӯзаи рӯзи шанбе.

"Оиди танҳо дар рӯзи ҷумъа рӯза гирифтан ва инчунин оиди танҳо дар рӯзи шанбе рӯза гирифтан наҳй ворид шудааст, магар дар рӯзаи фариза. Аммо агар ба он рӯза (яъне рӯзаи рӯзи ҷумъа ё шанбе) рӯзаи рӯзи дигареро илова кунад ва ё он рӯз (яъне рӯзи ҷумъа ё шанбе) бо рӯзаи одатии ӯ, ба монанди як рӯз рӯза гирифтан ва як рӯз ифтор кардан ё бо рӯзаи назрӣ ё бо рӯзаи қазоӣ ё бо рӯзаи рӯзе рост ояд, ки дар шариат муқаррар шудааст, ба монанди рӯзаи рӯзи Арафаю Ошуро, дар ин ҳолат кароҳият бартараф мегардад".   Китоби "Туҳфату-л-муҳтоҷ" ҷилди 3, боби рӯзаи нофила ва китоби "Кашшофу-л-қиноъ" ҷилди 2, боби рӯзаи нофила.

Муаллифи китоби "Ал-Минҳоҷ" гуфтааст: "Танҳо дар рӯзи ҷумъа рӯза доштан макрӯҳ аст" . . Аммо агар ба он рӯза (яъне рӯзаи рӯзи ҷумъа) рӯзаи рӯзи дигаре илова карда шавад, он тавре ки дар хабари саҳеҳ омадааст, кароҳият бартараф мегардад ва агар он рӯз (яъне рӯзи ҷумъа) бо рӯзаи одатии ӯ ё бо рӯзаи назрӣ ё бо рӯзаи қазоӣ рост ояд, он тавре ки дар хабари саҳеҳ омадааст, кароҳият бартараф мегардад.

Шарҳдиҳанда дар китоби "Туҳфату-л-муҳтоҷ" гуфтааст: "Агар он рӯз бо рӯзаи одатии ӯ рост ояд", яъне, масалан ӯ рӯзе рӯза мегирифт ва рӯзе ифтор мекард ва он рӯзи рӯзааш бо рӯзи ҷумъа рост ояд. "Ё бо рӯзаи назрӣ ва ғайра" ва инчунин бо рӯзаи рӯзе рост ояд, ки дар шариат муқаррар шудааст, ба монанди рӯзи Ошуро ё Арафа.   Китоби "Туҳфату-л-муҳтоҷ", ҷилди 3, боби рӯзаи нофила.

Ал-Баҳутӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Қасдан танҳо дар рӯзи шанбе рӯза гирифтан макруҳ аст, зеро ҳадисе аз Абдуллоҳ ибни Бишр аз хоҳараш ривоят шудааст (ки расулуллоҳ фармудааст): «Дар рӯзи шанбе рӯза нагиред, магар дар мавориде, ки бар шумо фарз шуда бошад».   Ин ҳадисро Аҳмад бо санади хуб ва Ҳоким ривоят кардаанд. Ҳоким гуффтааст: Ин ҳадис мувофиқи шарти Бухорӣ мебошад.

Азбаски он рӯзест, ки яҳудиён онро бузург медонанд, бинобар ин, танҳо дар он рӯз рӯза гирифтан ин монандӣ бо онҳост . . ба истиснои он ки рӯзи ҷумъа ё шанбе ба рӯзаи одатӣ рост ояд, масалан он рӯз (яъне рӯзи ҷумъа ё шанбе) бо рӯзи Арафа ё рӯзи Ошуро рост ояд ва ӯ одат дошт, ки дар ин рӯзҳо рӯза бигирад, дар ин ҳолат макруҳ нест, зеро одат дар ин амр таъсир дорад.   Китоби "Кашшофу-л-қиноъ", ҷилди 2, боби рӯзаи нофила.

Агар нисбати аввалин рӯзи моҳ шакку шубҳа вуҷуд дошта бошад, чӣ бояд кард?

Аҳмад гуфтааст: Агар нисбати аввалин рӯзи моҳ шакку шубҳа дошта бошад, се рӯз рӯза мегирад. Ин амалро анҷом медиҳад, то боварии комил намояд, ки дар рӯзҳои нӯҳум ва даҳуми Муҳаррам рӯза гирифтааст.   Китоби "Ал-Муғнӣ"-и Ибни Қудома, ҷилди 3, рӯза, рӯзаи Ошуро.

Касе ки аввалин рӯзи моҳи Муҳаррамро надонад ва бихоҳад, ки барои ба даст овардани рӯзаи даҳум аз эҳтиёт кор бигирад, моҳи Зулҳиҷҷаро – тибқи қоидаи маъмулӣ – сӣ рӯзи пурра меҳисобад ва пас аз он дар рӯзи нӯҳуму даҳум рӯза мегирад. Касе бихоҳад, ки барои ба даст овардани рӯзаи нӯҳум низ аз эҳтиёт кор бигирад, дар рӯзи ҳаштум, нӯҳум ва даҳум рӯза мегирад. [Пас агар моҳи Зулҳиҷҷа ноқис (бисту нӯҳ рӯз) бошад, ӯ бешакку шубҳа рӯзаи Тосуъо (рӯзи нӯҳуми Муҳаррам) ва Ошуро (рӯзи даҳуми Муҳаррам)-ро дарёфт намудааст].

Ва азбаски рӯзаи Ошӯро мустаҳаб аст, на воҷиб, ба мардум дастур дода нашудааст, ки ҳилоли моҳи Муҳаррамро ҷустуҷӯ бикунанд, ҳамон тавре ки ба ҷустуҷӯи ҳилоли моҳи Рамазону Шаввол амр шудаанд.

Рӯзаи Ошуро кадом гуноҳонро каффорат менамояд?

Имом Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Ҳамаи гуноҳони сағираро каффора менамояд. Маънояш ин аст, ки ҳамаи гуноҳонро, ба ҷуз гуноҳони кабира мағфират менамояд.

Ӯ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) боз гуфтааст: Рӯзаи рӯзи Арафа сабаби каффораи (гуноҳони) ду сола аст ва рӯзаи рӯзи Ошуро сабаби каффораи (гуноҳони) як сола аст. Ва агар омин гуфтанаш бо омин гуфтани фариштагон мувофақат кунад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад. . . Ҳама ҳолатҳои зикршуда барои мағфирати гуноҳон мувофиқанд, пас агар гуноҳони сағира вуҷуд дошта бошанд, онҳоро каффора (мағфират) мекунад ва агар гуноҳони кабира ва сағира вуҷуд надошта бошанд, барояш ҳасанот (некиҳо) навишта мешавад ва дараҷааш баланд мешавад. . . Агар гуноҳони кабира ё кабираҳо вуҷуд дошта бошанду, гуноҳони сағира набошанд, умедворем, ки гуноҳони кабирааш сабуктар мегарданд.   "Ал-Маҷмуъ шарҳу-л-муҳаззаб", ҷилди 6, рӯзаи рӯзи Арафа.

Шайху-л-ислом Ибни Таймийя (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Каффораи гуноҳон ба сабаби таҳорат, намоз, рӯзаи Рамазон ва Арафа ва Ошуро танҳо барои гуноҳони сағира аст.   (Ал-Фатово-л-кубро, ҷилди 5).

Ба савоби рӯза мағруру фирефта нашудан

Баъзе аз мағрурон ба чизҳое мисли рӯзаи рӯзи Ошуро ё рӯзи Арафа эътимод намуда фирефта мешаванд ва ҳатто баъзе аз онон мегӯянд: Рӯзаи рӯзи Ошуро гуноҳони ҳамаи солро каффорат мекунад ва рӯзаи Арафа сабаби зиёдшавии аҷр мегардад.

Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Ин шахси фирефташуда надонистааст, ки рӯзаи Рамазон ва намозҳои панҷгона аз рӯзаи рӯзи Арафа ва рӯзаи рӯзи Ошуро бузургтару воломақомтар мебошанд. Инҳо (рӯзаи Рамазон ва намозҳои панҷгона) гуноҳони байни худро каффорат мекунанд, агар аз гуноҳони кабира иҷтиноб варзида шавад. Пас Рамазон то Рамазон, ва ҷумъа то ҷумъа гуноҳони сағираро каффорат карда наметавонанд, магар дар ҳолате, ки гуноҳони кабира тарк карда шаванд ва ин ду чиз якҷоя гуноҳони сағираро каффорат карда метавонанд. Баъзе аз фирефташудагон гумон мекунад, ки тоату ибодатҳояш аз гуноҳонаш бештар аст, зеро худро дар баробари гуноҳон ҳисоб намекунад ва гуноҳонашро ҷустуҷӯ  намекунад, ҳар гоҳ кори хуберо анҷом бидиҳад, онро ҳифз намуда ба он такя мекунад. Ин монанди касест, ки бо забонаш истиғфор  мехонад ва ё дар як рӯз сад бор "Субҳаналлоҳ" мегӯяд, сипас мусулмононро ғайбат мекунад, шарафу обрӯи онҳоро мерезонад ва дар тамоми рӯз суханонеро мегӯяд, ки ки Аллоҳ аз он суханон розӣ нест. Ин шахс ҳамеша дар фазилатҳои тасбеҳҳову таҳлилҳои худ фикру тааммул мекунад, аммо ба оятҳову ҳадисҳое, ки дар мавриди азобу ҷазои ғайбаткунандагон, дурӯғгӯён ва суханчинон ва дигар офатҳои забон ворид шудаанд, таваҷҷӯҳ намекунад. Ва ин маҳз мағруриву фирефтагӣ аст.   Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия, ҷилди 31, Мағрурӣ.

Рӯзаи рӯзи Ошуро барои касе, ки қазое аз Рамазон дорад

Фақеҳон дар ҳукми рӯзаи нофила пеш аз адо намудани қазои Рамазон ихтилоф кардаанд. Ҳанафиён бар ин назаранд, ки рӯзаи нофила пеш аз адо намудани қазои Рамазон ҷоиз аст ва ин амал макруҳ намебошад, чунки адо намудани қазо фавран воҷиб нест. Моликиёну шофеиён бар ин назаранд, ки рӯзаи нофила пеш аз адо намудани қазои Рамазон ҷоиз аст, вале ин амал макруҳ мебошад, зеро дар ин ҳолат амали воҷиб ба таъхир андохта мешавад. Дуссуқӣ гуфтааст: "Рӯзаи нофила барои касе, ки бар зиммаи ӯ рӯзаи фариза, ба монанди рӯзаи назрӣ, қазоӣ ва каффорат вуҷуд дорад, макруҳ мебошад, хоҳ он рӯзаи нофилае, ки онро пеш аз рӯзаи фариза анҷом медиҳад, суннати ғайримуаккада бошад ва ё муаккада бошад, ба монанди рӯзаи Ошуро ва нӯҳуми Зулҳиҷҷа, мувофиқи саҳеҳтарин дидгоҳ".

Ҳанбалиён бар ин назаранд, ки рӯзаи нофила пеш аз адо намудани қазои Рамазон ҳаром аст ва дар ин ҳангом рӯзаи нофила дуруст намебошад, ҳатто агар барои қазои рӯза вақти зиёде вуҷуд дошта бошад. Бояд шахс аз рӯзаи фариза шурӯъ кунад, то ин ки онро ба охир расонад.   Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия, ҷилди 28, рӯзаи нофила.

Бояд мусулмон пас аз Рамазон ба анҷом додани рӯзаҳои қазоии худ шитоб намояд, то рӯзаи рӯзи Арафа ва Ошуроро бидуни ягон мушкилӣ анҷом дода тавонад.

Вале агар рӯзаи рӯзи Арафа ва Ошуроро ба нияти қазо анҷом бидиҳад ва барои он аз шаб ният бикунад, ин барои қазои фариза кофист, зеро фазли Аллоҳ бузург аст.

Бидъатҳои Ошуро

Шайху-л-ислом Ибни Таймийя (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди он коре, ки мардум дар рӯзи Ошуро анҷом медиҳанд, ба монанди сурма кашидан, ғусл кардан, ҳино молидан, мусофаҳа (бо даст салом кардан), хӯрок пухтан, шодию хурсандӣ намудан ва ҳоказо пурсида шуд. . . Оё дар ин бора аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадиси саҳеҳе ворид шудааст ё на? Ва агар дар ин бора ҳадиси саҳеҳе ворид нашуда бошад,  оё анҷом додани ин корҳо бидъат аст ё на? Аз сӯи дигар, он корҳое, ки тоифаи дигар анҷом медиҳанд, ба монанди азодорӣ, ғамгинӣ, ташнагӣ ва дигар амалҳо аз қабили нудба (хубиҳо ва сифотҳои некӯи мурдаро зикр карда, бо овоз гиря кардан), гиряву нола ва даронидан либос, оё ин амалҳо асосе доранд ё на?

Ҷавоб:

Ҳамду сано барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён.

Дар ин бора ҳадиси саҳеҳе аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва аз саҳобагони ӯ ворид нашудааст ва ягон имоме аз имомони мусулмонон, на имомони чаҳоргона ва на дигар имомон чунин кореро мустаҳаб надонистаанд. Соҳибони китобҳои мӯътамад дар ин бора аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ё аз саҳобаю тобеин ягон ривояти саҳеҳ ё заиферо на дар китобҳои саҳеҳ ва на дар китобҳои сунан ва на дар китобҳои муснад нақл накардаанд ва ягон ҳадисе аз ин ҳадисҳо дар даврони беҳтарин асрҳои уммати Исломӣ (се асри аввали Ислом) шинохта нашуда буд. Аммо баъзе аз мутааххирон дар ин бора ҳадисҳоеро ривоят кардаанд, ба монанди: "Касе дар рӯзи Ошуро сурма кашад, дар он сол чашмдард намешавад ва касе ки дар рӯзи Ошуро ғусл кунад, дар он сол бемор намешавад". Ба монанд ин. . . Инчунин дар ин бора ҳадиси дурғиини бофташуда бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро ривоят кардаанд: "Касе, ки дар рӯзи Ошуро бар аҳлу хонаводааш фарохӣ намояд, Аллоҳ барои ӯ дар дигар рӯзҳои сол фарохӣ ва кушоиш ато мекунад". Ривоят намудани ин гуна ҳадисҳо аз номи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дурӯғ (нисбати паёмбар) мебошад.

Сипас Шайху-л-ислом (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди фитнаю мусибатҳое, ки дар рӯзҳои аввали ин уммат рух дода буданд ва дар мавриди кушта шудани Ҳусайн (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ва пас аз ин ҳодиса фирқаҳо чӣ кор карданд, суханронӣ карда, гуфт:

Пас гурӯҳи нодони ситамгар ва ё мулҳиди мунофиқ ва ё гумроҳи мунҳариф муволоту дӯстии ӯ ва муволоту дӯстии аҳли байти ӯро зоҳир намуданду рӯзи Ошуроро рӯзи мотаму ғам ва рӯзи гиряву нола эълон карданд ва дар он рӯз шиори ҷоҳилиятро аз қабили панҷа бар рӯи худ задан, пора кардани либос ва азодории аҳли ҷоҳилият зоҳир намуданд. . .

Аз ҷумлаи мавориде, ки шайтон барои гумроҳону мунҳарифон зинат дод, ин рӯзи Ошуроро мотам қарор додан аст ва дигар корҳое, ки анҷом медиҳанд, ба монанди нудба (хубиҳо ва сифотҳои некӯи мурдаро зикр карда, бо овоз гиря кардан), гиряву нола, хондани қасидаҳои ғамангез ва нақл намудани достонҳое, ки дурӯғи бисёр доранд, аммо мавзеъҳои дурусти он ҷуз аз афзудани ғам, таассуб, барангехтани душманию ҷанг, эҷоди фитна миёни мусулмонон дигар фоидае надорад ва ба дашном додани собиқини аввалин бурда мерасонад. . .

Зарару зиёни онон бар мусулмонон хеле зиёд аст, ки онро инсони суханвар шуморида наметавонад. Аммо алайҳи инон, носибиён мухолифат карданд, ки онон бар Ҳусайн ва аҳли байти ӯ зиддият доранд ва ё ҷоҳилоне мухолифат карданд, ки онон бар зидди фосид бо фосид, бар зидди дурӯғ бо дурӯғ, бар зидди бадӣ бо бадӣ ва бар зидди бидъат бо бидъат мубориза бурданд ва дар натиҷа ҳадисҳову осореро оиди шиорҳои шодию хурсандӣ дар рӯзи Ошуро бофтанд, ба монанди сурма кашидан, ҳино молидан, фарохӣ намудан дар хароҷоти аҳлу аёли худ, пухтани хӯрокҳои ғайриоддӣ ва ба монанди ин амалҳо, дигар корҳое, ки дар идҳою мавсимҳо анҷом дода мешаванд. Дар натиҷа инҳо рӯзи Ошуроро барои худ ҳамчун мавсими иду хурсандӣ қарор доданд. Аммо он тоифа бошанд, ин рӯзро рӯзи мотам қарор дода, дар ин рӯз маросими ғаму андӯҳ баргузор мекунанд, ки ҳар ду тоифа хатокор ва хориҷ аз суннат мебошанд, ҳар чанд он гурӯҳ бадхоҳтару нодонтар ва ситамгортаранд. . .

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва халафои рошидин барои рӯзи Ошуро чунин корҳоеро суннат накардаанд ва инчунин шиорҳои ғаму андӯҳ ва шиорҳои шодию хурсандиро низ суннат накардаанд. . .

Аммо дигар корҳо ба монанди омода кардани хӯрокҳои ғайриоддӣ аз донаҳо ва ё аз ғайри донаҳо, либоси нав пӯшидан, хароҷоти бештар барои хонавода, харидани эҳтиёҷоти яксолина дар ин рӯз, анҷом додани ибодати махсусе ба монанди намози хосси ин рӯз, забҳу қурбонӣ ба қасди ин рӯз, захира намудани гӯштҳои қурбонӣ, то онро бо донаҳо бипазад, сурма кашидан, ҳино молидан, ғусл кардан, мусофаҳа (бо даст салом кардан), ба дидорбинӣ рафтан, зиёрати масҷидҳою мазорҳо ва ё монанди инҳо ҳама аз бидъатҳои инкоршуда мебошанд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва халафои рошидин ин гуна амалҳоро суннат қарор надодаанд ва ягон имоме аз имомони мусулмонон, на Молик, на Саврӣ, на Лайс ибни Саъд, на Абуҳанифа, на Авзоӣ, на Шофеӣ, на Аҳмад ибни Ҳанбал, на Исҳоқ ибни Роҳвайҳ ва на амсоли онон дигар имомону донишмандони мусулмонон ин гуна амалҳоро мустаҳаб надонистаанд. . .   ("Ал-Фатово-л-кубро"-и Ибни Таймия).

Ибни Ҳоҷ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) зикр кард, ки яке аз бидъатҳои Ошуро қасдан дар ин рӯз закот додан, ба таъхир андохтани закот ва ё пеш аз омадани вақташ пардохт намудан, то ба рӯзи Ошуро рост ояд ва ё забҳ намудани мурғ махсус дар ин рӯз ва ё истеъмол намудани хино барои занон.   (Ал-Мадхал, ҷилди 1, рӯзи Ошуро).

Аз Аллоҳ таъоло хоҳиш мекунем, ки моро аз пайравони суннати паёмбари гиромии худ қарор бидиҳад ва моро дар Ислом зинда нигаҳ дорад ва моро дар Имон бимиронад ва моро ба он чи ки дӯст медорад ва аз он хушнуд аст, муваффақ намояд ва мо аз Ӯ хоҳиш мекунем, ки моро дар зикру шукр ва парастиши худ кӯмак бикунад ва аз мо қабул намояд ва моро аз зумраи тақвокорон гардонад. Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад ва ба олу саҳобагони ӯ бод

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android