Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Мо ин саволро ба Ҷаноби Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) матраҳ намудем, ӯ чунин посух дод:
Ман бо назардошти умумияти фармудаи Аллоҳ таъоло дар ин кор ҳеҷ бокеро намебинам:
هُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ لَكُم مَّا فِى ٱلْأَرْضِ جَمِيعًا
سورة البقرة: ٢٩
«Ӯ зотест, ки ҳар он чиро, ки дар замин вуҷуд дорад, барои шумо офарид». (Сураи Бақара: 29).
Вале дар озмоиш бояд осонтарин равиш (ва дуртарин тариқа аз шиканҷаи ҳайвонот) риоя шавад.
Аллоҳ донотар аст.