iconСаҳм гузоштан
iconСаҳм гузоштан
  • New List
Бештар
    • New List
0 / 0
2,22313/Зул-қаъда/1443 , 12/Июн/2022

Фазилати ҳаҷ

Савол: 34359

Оё ҳаҷҷи мабрур гуноҳони кабираро мағфират мекунад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки мегӯяд: Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мефармояд:

«Ҳар кас ҳаҷ кунад ва бадзабонӣ накунаду гуноҳ наварзад, монанди ҳамон рӯзе мегардад, ки модараш ӯро зодааст».   Ривояти Бухорӣ (1521) ва Муслим (1350).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Умра то умра каффораи гуноҳонест, ки байни он ду содир мешаванд. Ҳаҷҷи мабрур ҷуз биҳишт дигар подоше надорад».   Ривояти Бухорӣ (1773) ва Муслим (1349).

Ҳаҷ ва дигар амалҳои солеҳ аз ҷумлаи сабабҳои маҳв шудани гуноҳонанд, модоме ки банда онро бар равиши шаръӣ анҷом бидиҳад. Дидгоҳи ҷумҳури донишмандон ин аст, ки амалҳои солеҳ танҳо гуноҳони сағираро каффорат менамоянд. Аммо барои каффораи гуноҳони кабира тавба кардан зарур аст.

Ҳадисеро истидлол намудаанд, ки Муслим онро аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Намозҳои панҷгона, ҷумъа то ҷумъа ва Рамазон то Рамазон поккунандаи гуноҳонест, ки дар миёни онҳо рух додаанд, агар аз гуноҳони кабира дур шавад».   Ривояти Муслим (1/209).

Аммо Имом Ибни Мунзир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ва гурӯҳе аз донишмандон бар ин назаранд, ки ҳаҷҷи мабрур бар асоси зоҳири он ду ҳадиси мазкур тамоми гуноҳонро каффорат мекунад.

     Аллоҳ донотар аст.

Ниг: "Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (11/13).

Сарчашма

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

Гарди танзимоти матн

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android
GlobalGreenIconТағйири луғат

downloadМутолиа кардан бе интернет

    Луғатҳои дастрасшуда барои фарохонӣ

      Оё шумо бо таъкид файлҳои луғатро тоза кардан мехоҳед?

      Wasl

      Дар доираи ҳадафи мо барои риояи қонунҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ ва ҳамчун қисми рушди вебсайти Ислом Савол ва ҷавоб, мо ба шумо абзори 'Сиҷил'-ро барои идора ва мубодилаи бехатари маълумоти шумо пешкаш мекунем.

      Шумо Wasl дар хат будан ҷустуҷӯ карда сифати муваффақият мекунед. Мо ин хизматрасониро дар оянда пешниҳод хоҳем кард.

      answer
      Маълумоти қаблӣ ёфт шуд
      Мо маълумоти қаблии шуморо дар вебсайти Ислом Савол ва Ҷавоб ёфтем. Оё шумо мехоҳед онҳоро ворид кунед?

      New List

      Фазилати ҳаҷ - Ислом савол ва ҷавоб