0 / 0
3,57710/03/2021

Аз кай духтар бояд ҳиҷоб бипӯшад?

Савол: 20475

Ҳангоме, ки сабзидани мӯи бадани духтар шурӯъ кунад, пас оё дар ин ҳолат пушидани ҳиҷоби комил бар ӯ воҷиб мегардад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Инсон танҳо баъд аз балоғат мукаллаф ба ҳисоб меравад, аммо пеш аз балоғат, мукаллаф ҳисобида намешавад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Қалам аз се нафар бардошта шудааст: Аз кӯдаки хурдсол, то ин ки ба балоғат бирасад, аз инсони хоб, то ин ки бедор шавад ва аз девона то ин ки солим гардад».   Ривояти Абудовуд (4402).

Бар асоси ин, ба духтар воҷиб аст, ки агар ба балоғат бирасад, ҳиҷоби комилро риоя бикунад. Балоғат се нишона дорад, ки дар он марду зан муштараканд:

  1. Эҳтилом (ҷунуб шудан дар хоб, баромадани нутфа дар хоб).
  2. Сабзидани мӯи сахт дар атрофи шармгоҳ.
  3. Ба синни понздаҳ солагӣ расидан.
  4. и зан боз як нишонаи дигар изофа мегардад:
  5. Ҳайз (одати моҳона).

Агар дар духтар яке аз ин нишонаҳои балоғат зоҳир шавад, бар ӯ адо намудани ҳамаи воҷибот ва дур шудан аз тамоми чизҳои ҳаром, воҷиб мегардад, ки яке аз ин воҷибот, пӯшидани ҳиҷоб мебошад.

Аммо бар валӣ ва сарпарасти духтар воҷиб аст, ки ӯро пеш аз балоғат ба адо намудани воҷибот ва  дур шудан аз ҳаромҳо одат намояд, то ки бар ин чизҳо нашъунамо ёбаду, риоя намудани ин корҳо бар ӯ баъди балоғат мушкил нагардад. Ин яке аз усулҳои асосии тарбия дар шариат мебошад.

 Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳангоме ки фарзандонатон ба ҳафтсолагӣ расиданд, ба намоз хондан амр намоед. Чун ба даҳсолагӣ расиданду намоз нахонданд, онҳоро бизанед ва (дар даҳсолагӣ) ҷойгаҳашонро аз ҳамдигар ҷудо кунед».   Абудовуд (495) ва Аҳмад (2/187) аз Амр ибни Шуайб аз падараш аз бобояш ривоят кардаанд.

Ҳадисе бо ин маъно дар "Сунан"-и Абудовуд (494) ва Тирмизӣ (407) аз Сабура ибни Маъбад ворид шудааст. Тирмизӣ гуфтааст: Ҳасану саҳеҳ аст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ирвоу-л-ғалил" (247) саҳеҳ донистааст.

Бухорӣ (1960) ва Муслим (1136) дар "Саҳиҳ"-и худ аз ҳадиси Руббаййиъ бинти Муъаввиз ҳадисеро оиди рӯзаи Ошуро, ҳангоме ки рӯзаи он ба мусулмонон фарз шуд, ривоят кардаанд, ки дар он ҳадис омадааст: Мо баъд аз он, дар он (яъне дар рӯзи Ошуро) рӯза мегирифтем ва фарзандони хурдсоламонро низ рӯза мегиронидем. Ба масҷид мерафтем ва барои онон аз пашм бозичае месохтем. Агар яке аз онҳо барои хӯрок гиря кунад, мо он бозичаро ба ӯ то ифтор медодем. (Яъне ӯро бо он бозича то ҳангоми ифтор машғул месохтем).

Дар ривояти Муслим омадааст: Хар гоҳ хӯрок талаб кунанд, он бозичаро ба онон медодем, то ононро машғул созад ва рӯзаашонро пура гардонанд.

Нававӣ дар "Шарҳу саҳиҳи Муслим" (8/14) гуфтааст: "Дар ин ҳадис машқ дорондани кӯдакон ба тоат ва одат кунонидани онон ба ибодат, баён карда шудааст,  гарчанде ки мукаллаф ҳам набошанд".

Ибни Қайим дар китоби "Туҳфату-л-мавдуд биаҳкоми-л-мавлуд" (саҳ:162) гуфтааст: "Гарчанде кӯдак мукаллаф ҳам набошад, валӣ ва сарпарасти ӯ мукаллаф аст. Бар ӯ ҷоиз нест, ки ӯро дар гуноҳ гузорад, зеро ӯ ба гуноҳ кардан одат менамояд, (агар ба гуноҳ кардан одат намояд), аз гуноҳ ҷудо намудани ӯ душвор мегардад". Поёни сухан.

Ҳар гоҳ духтар ба балоғат наздик шавад, метарсем, ки агар ҳиҷоб напӯшад, ҷавонписаронро ба фитна гирифтор мекунад, ё ин ки ҷавонписарон ӯро ба фитна гирифтор менамоянд.

Бинобар ин, бар валӣ ва сарпарасти ӯ дар ин ҳолат зарур аст, ки ба ӯ ҳиҷоб пӯшонанд, то дарҳои гуноҳ баста ва роҳҳои фасод манъ гардад.

     Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android