0 / 0
2,24809/08/2020

Кай ҳаҷ фарз шуд?

Савол: 109291

Дар кадом соли ҳиҷрӣ ҳаҷ фарз карда шуд?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дидгоҳи саҳеҳ он аст, ки ҳаҷ дар соли нӯҳум фарз шуда буд. Аллоҳ таъоло ҳаҷро пеш аз он фарз накардааст, зеро фарз будани он пеш аз он мухолифи ҳикмат аст, чунки қурайшиён паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дар он вақт аз умра намудан манъ мекарданд ва табиист, ки аз ҳаҷ низ манъ мекарданд. Макка пеш аз фатҳ сарзамини куфр буд. Пас аз фатҳ аз куфр озод шуд. Воҷиб шудани ҳаҷ бар мардум (пас аз фатҳ) мувофиқи ҳикмат аст.

Далел бар фарз шудани ҳаҷ дар соли нӯҳум, ояти вуҷуби ҳаҷ аст, ки дар аввали сураи Оли Имрон зикр шудааст ва он сухани Аллоҳ таъоло аст, ки фармудааст:

 وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَن اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا

   آل عمران / ٩٧

Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд.   (Сураи Оли Имрон: 97).

Аввали ин сура дар ому-л-вуфуд (соли намояндагон, соле ки намояндагони қабилаҳо назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омада, мардум гурӯҳ-гурӯҳ исломро қабул карданд) нозил шудааст.

Агар гуфта шавад: Чаро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар соли нӯҳум ҳаҷ накард, дар ҳоле, ки шумо мегӯед, ки ҳаҷ фавран воҷиб аст?

Ҷавоб: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо якчанд сабаб (дар он сол) ҳаҷ накард:

Аввал: Дар он сол намояндагони қабилаҳои зиёд ба назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омаданд. Аз ин хотир, соли нӯҳум ому-л-вуфуд номида шуд. Шакке нест, ки пешвоз гирифтани мусулмононе, ки назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омаданд, то динашонро биёмӯзанд, амри муҳим аст. Балки мегӯем, бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) воҷиб аст, ки (дини Аллоҳро) ба мардум бирасонад.

Дуввум: Эҳтимол буд, ки мушрикон дар соли нӯҳум ҳаҷ кунанд, – ин гуна ҳам шуд – пас паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хост, ки ҳаҷро ба таъхир андозад, то танҳо бо мусулмонон ҳаҷ кунад, чунин ҳам рӯй дод. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар соли нӯҳум чунин эълон кард: Баъди ин сол, ҳеҷ мушрике ҳаҷ накунад ва ҳеҷ урёне ба хонаи Каъба тавоф нанамояд.   Муттафақун алайҳ (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Мардумон (мушрикон) дар аввал ба хонаи Каъба бараҳна тавоф мекарданд, магар касе, ки либосе аз Қурайш меёфт, дар ин ҳолат он либосро барои истифода мегирифту, бо он тавоф менамуд. Аммо касоне, ки аз Қурайш набошанд, барояшон мумкин набуд, ки бо либоси худ тавоф кунанд, балки бараҳна тавоф менамуданд". Поёни сухан.

"Ашшарҳу-л-мумтиъ" (7/14,15) .

Дар фатовои кумитаи доимӣ (10/11) омадааст:

"Донишмандон дар мавриди соле, ки ҳаҷ дар он сол фарз карда шудааст, ихтилоф кардаанд. Бархе гуфтаанд, ки дар соли панҷум, бархеи дигар гуфтаанд, дар соли шашум фарз шудааст. Гурӯҳе гуфтаанд, дар соли нӯҳум, гурӯҳи дигар гуфтаанд, ки дар соли даҳум фарз гардидааст. Наздиктарини он ба ҳақиқат (ва саҳеҳтарини он) ду дидгоҳи охирин аст, ки ҳаҷ дар соли нӯҳум ё даҳум фарз карда шудааст. Аллоҳ донотар аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз … Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён … Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android