Ҷашнҳои динӣ

3,036

Савол 486

Лутфан ба ман идҳо ва маросимҳои диниро, ки дар Ислом вуҷуд доранд, хабар диҳед?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо мусулмонон ба ғайр аз ду ид, иди Фитр пас аз Рамазон ва иди Азҳо (Қурбон), дар рӯзи бузургтарин ҳаҷ, дигар идҳое надорем. Мо дар он ду рӯз шодӣ мекунем, табрик мегӯем ва хонаводаҳоямонро хушҳол месозем. Ва муҳимтар аз ҳама зикри Аллоҳ ба воситаи такбир (Аллоҳу акбар), таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ) гуфтан ва намози ид мебошад. Мо дар давоми сол ба ғайр аз ин ду ид дигар ҷашну маросиме дар рӯзҳои муайяне надорем.

Албатта дигар маросимҳои хурсандӣ низ вуҷуд доранд, ки шариат аҳкоми онро баён намудааст, ба монанди ба мардум хӯрок додан дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ, ақиқаи навзод ва амсоли инҳо. Аммо ин маросимҳо дар рӯзҳои мушаххаси сол муайян карда нашудаанд, балки мувофиқи ба вуқӯъ пайвастани он маросимҳо дар ҳаёти ҳар як мусулмон (дар вақтҳои гуногун) рух медиҳанд.

Сарчашма

Бидъат

Сарчашма: 

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play