0 / 0
2,13225/09/2021

Оё калонсолӣ монеи илмомузист

Савол: 97012

Ман 32-сола ҳастам. Оё вақти илмомӯзиро аз даст додаам? Маълум аст, ки илм дар хурдӣ монанди илм дар калонсолӣ нест. Ҳамчунин ман барои илмомӯзӣ ба солҳои зиёд эҳтиёҷ дорам ва чун илм омӯхтам калонсолтар мешавам ва қуввату нерӯи даъват намуданам аз байн меравад.

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Оре, азёд намудан дар хурдӣ монанди нақш бар санг аст, вале дар ин боб ба чанд умур бояд огоҳӣ пайдо намуд, аз ҷумла:

1 – Азёд намудан дар хурдӣ.  Агар чизҳои азёд намудаи худро пайгирӣ ва аз ёд нагузаронад, зоеъ ва фаромӯш мешаванд. Монанди санги нақшунигор кардашуда, чун хок дохили он шавад, ҳама нақши онро мепӯшонад.

2 – Ин маҳдуд кардани  "азёд намудан" барои хурдсолон нест, балки ин як тарғибу ташвиқ намудани падару модарон барои аҳамият додан ба кӯдакон дар хурдсолиашон мебошад. Кӯдакон дар хурдсолӣ қудрати фаҳмишро надоранд, пас тамоми қудрати онҳо барои азёд намудан сарф карда шавад. Ба хилофи калонсолон, ки онон азёд намудан ва фаҳмиданро бо ҳам ҷамъ мекунанд. Ин маҳдуд кардани  "азёд намудан" ба синну соли муайян намебошад, зеро мо бисёре аз мардумонро дидаем, ки дар калонсолӣ китобҳои зиёдеро азёд намудаанд, ки азёд намудани онон низ ба монанди нақш бар санг буд.

3 – Азёд намудан, ин тамоми илм намебошад, балки ҷузъе аз он мебошад. Шахсе, ки дар хурдсолӣ азёд намуданро аз даст додааст, бояд дар калонсолӣ илмомузӣ ва азёд намуданро аз даст надиҳад. Балки метавонад, ки ин дуро бо ҳам ҷамъ бикунад ва шитоб намудан зарурат надорад. Пас ӯ дар ибодати бузургест ва он – илмомӯзист – пас дар чидани меваи он шитоб накунад.

Дуввум:

Бародари бузургворам, шумо дар ибтидои сисолагӣ қарор доред, вақти шурӯи илмомузиро аз даст надодаед. Шумо ҳанӯз дар оғози ҷавонӣ ва неруву фаъолияти он қарор доред, балки баъзе уламо бар ин назаранд, ки шунидани ҳадис дар синни сисолагӣ шурӯъ мешавад.

Суютӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Гурӯҳе аз уламо фармудаанд: Мустаҳаб аст, ки баъд аз сисолагӣ ба шунидни ҳадис шурӯъ намояд ва уламои аҳли Шом низ бар ин назаранд.    Китоби "Тадрибу-р-ровӣ" (1/414).

Бидонед, ҳангоме ки саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) имон оварданд, ҳамаашон хурдсол набуданд, балки қисми зиёдашон калонсол буданд. Бо вуҷуди ин, калонсолиашон онҳоро аз талаби илм манъ накард ва онҳо устодҳои улуми шаръии тамоми дунё ба ҳисоб мераванд. Дар фаҳмиши матнҳои Қуръон ва ҳадис ба онҳо руҷӯъ  карда мешавад. Абубакри Сиддиқ донотарини ин уммат баъди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҳисоб меравад. Ӯ илмомӯзиро дар наздикиҳои чилсолагӣ шурӯъ намуд. Баъд аз ӯ халифа Умари Форуқ илмомӯзиро дар наздикиҳои сисолагӣ оғоз намуд. Ҳамчунин ғайри онҳо бисёре аз саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод).

Бухорӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "Саҳиҳ"-и худ дар китоби "Илм" гуфтааст:

Боби "Ғибта намудан дар илму ҳикмат". Умар фармудааст: «Таълим бигиред, пеш аз он ки пешво бигардед». 

Абуабдуллоҳ, яъне худи Бухорӣ гуфт: Баъд аз он ки пешво бигардед. Дар ҳақиқат саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар калонсолиашон таълим гирифтанд.   "Саҳиҳ"-и Бухорӣ (саҳ: 39).

Барои баланд бардоштани ҳиммат ва нав гардонидани фаъолият ва зинда гардонидани нерӯятон, барои шумо намунаи некӯе аз имомон ва уламои машҳуре, ки илмомӯзиро дар калонсолӣ оғоз намудаанд, баён мекунем:

1 – Абубакр Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Абдуллоҳи Марвазӣ, маъруф бо лақаби "Ал-Қаффол" (қулфсоз), ки дар замони худ шайхи шофеиён ба ҳисоб мерафт, соли 147-и ҳиҷрӣ вафот кардааст. 

Субкии шофеимазҳаб (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Имоми бузургвор Абубакри Қаффоли Сағир, шайхи тариқаи Хуросон буд. Ӯро ба он сабаб "Ал-Қаффол" (қулфсоз) ном гузошта буданд, ки ӯ сараввал қулфсоз буд ва қулфҳои бисёр зебо месохт, ҳатто қулфе сохтааст, ки бо калидаш вазни чаҳор дона будааст. Дар синни сисолагиаш зиракии худро дарк намуда ба омӯзиши фиқҳ шурӯъ намуд ва дар назди Шайх Абузайд ва дигарон таълим гирифт. Дар илми фиқҳ имоме гашт, ки дар он ба ӯ пайравӣ менамуданд ва мардуми зиёде аз аҳли Хуросон дар назди ӯ фақеҳ шудаанд. Ҳамчунин аз муҳаддисон ҳадисҳоро шунавид (яъне ҳадис ва улуми онро низ таълим гирифт) ва бар шогирдони худ ҳадисҳои паёмбарро нақл карда ва онро ба шогирдонаш имло намуд.

Ниг: "Табақоту-ш-шофеия"-и Субкӣ (5/54).

2 – Асбағ ибни Фараҷ, дар замонаш муфтии диёри Миср ва яке аз уламои мазҳаби Моликӣ буд. 

Заҳабӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Шайх Имоми бузургвор, муфтӣ ва олими диёри Миср Абуабдуллоҳ Умавӣ, мавлои онҳо, зодаи Миср ва пайрави мазҳаби Моликӣ мебошад. Баъди соли 150-и ҳиҷрӣ таваллуд шудааст. Ҳангоме, ки ба илмомӯзӣ шурӯъ карда буд, ҷавони калонсол буд ва Имом Молик ва Лайсро дарёфт накард.   Китоби "Сияру аъломи-н-нубало" (10/656).

3 – Исо ибни Мусои Ғанҷор, Абуаҳмади Бухорӣ, муҳаддиси Мовароуннаҳр.

Ҳоким гуфтааст:

Ӯ имоми асри худ буд, дар калонсолиаш илмомӯзӣ намуд ва бисёр ҷойҳоро гашт.   

Китоби "Шазароту-з-заҳаб" (1/330).

4 – Қозиюлқузоти Миср, Ҳорис ибни Мискин, ки соли 250-и ҳиҷрӣ вафот кардааст.

Заҳабӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: 

Дар калонсолиаш илмомузӣ намуд.

Китоби "Сияру аъломи-н-нубало" (12/54).

Ва ғайр аз инҳо нафарони зиёде буданд, ки дар калонсолӣ ба илмомузӣ шурӯъ намуда буданд, ба монанди Фузайл ибни Иёз, Ибну-л-арабӣ, Ибни Ҳазм ва Изз ибни Абдуссалом, ки калонсолиашон монеи илмомӯзиашон нагашт ва дар ниҳоят ситорагоне дар осмони илму дониш гаштанд.

Ба Амр ибни Ало гуфтанд: Оё илм омӯхтани муйсафед хуб аст?

Дар ҷавоб гуфт: Агар зиндагӣ намуданаш хуб бошад, пас илм омӯхтанаш низ хуб аст.

Ибни Ақил (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Ман лаззати илмомӯзиро дар синни ҳаштод солагиам нисбат ба чиҳил солагиам зиёдтар эҳсос мекунам.

Саввум:

Инҷо намунае аз фатвоҳову васиятҳои баъзе уламоро дар бобати ин мавзӯъ меорем:

1 – Аз Шайх Муҳаммад ибни Солеҳи Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд:

Шахси дар калонсолӣ ба талаби илм шурӯъ намударо чӣ насиҳат мекунед? Агар барои илмомузӣ ягон шайхеро пайдо карда натавонад, оё бидуни шайх илмомӯзиаш ба ӯ фоида мекунад?

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҷавоб гуфт:

Аз Аллоҳ таъоло дархост менамоем, ки шахсеро ки барои равона шудан ба сӯи талаби илм, икром намудааст, кӯмак кунад. Лекин дар навбати худ, илмомузӣ бисёр мушкил буда, ба кӯшиши зиёд эҳтиёҷ дорад. Ҳамагон медонем, ки инсон чӣ қадаре, ки синнаш калон шавад, ҳамон қадар ҳаҷмаш калон ва фаҳмаш хурд мешавад. Пас ин марде, ки нав ба илмомузӣ шурӯъ намудааст, бар ӯ зарур аст, ки як олимеро, ки ба илмаш боварӣ дорад, ихтиёр бикунад, то дар наздаш таълим гирад, зеро дар назди шайхҳо таълим гирифтан, фаровонтару беҳтару осонтар аст. Чунки шайх ба монанди энсиклопедияи илмӣ мебошад, хоссатан ҳамон шайхе, ки илми наҳв, тафсир, ҳадис, фиқҳ ва ғайраро азхуд намудааст. Пас ба ҷои бист китобро хондан, ӯ илмро дар назди шайх ба осонӣ ба даст меорад ва ҳамчунин дар замони кӯтоҳ онро азхуд мекунад ва ин чиз барои солимии ақидааш ҳам беҳтар аст, зеро гоҳо ба китобе эътимод мекунад, ки равиши муаллифи он мухолифи равиши гузаштагони нек аст, чӣ дар далеловарӣ бошад ва чӣ дар ҳукмоварӣ.

Мо ин мардро, ки дар калонсолӣ илм омӯхтан мехоҳад, насиҳат мекунем, ки як шайхи боваринокро мулозамат гирифта аз ӯ таълим бигирад, зеро ин барои ӯ фаровонтар аст ва ноумед нашавад ва нагӯяд, ки синну солам калон шуд, чунки ӯ бо ин сухан худро аз талаби илм маҳрум мекунад.

Ривоят шудааст, ки рӯзе як донишманд (дар замони беилм буданаш) баъди намози пешин вориди масҷид шуд. Марде ба ӯ гуфт: Бархез ва ду ракъат намоз бихон. Пас ӯ аз ҷояш бархеста ду ракъат намоз хонд. Рӯзи дигаре баъди намози аср вориди масҷид шуда, такбир гуфт, то ду ракъат намоз бихонад. Пас он мард ба ӯ гуфт: Намоз махон. Ин вақти наҳй аст. (Яъне дар ин вақт намоз хондан манъ шудааст). Пас ӯ ба худ гуфт: Ман бояд илм омӯзам ва ба илмомузӣ шурӯъ намуд ва дар ниҳоят дар замони худ имом гашт. Пас ин нодонӣ сабаби илмомӯзии ӯ гашт. Агар Аллоҳ нияти неки шуморо бидонад, шуморо муваффақ мегардонад ва шумо илми зиёдеро ҷамъоварӣ мекунед.

"Китобу-л-илм" (саволи рақами: 63).

2 – Аз Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) пурсиданд:

Баъзеҳо барои илмомузӣ, калонсолӣ ва аз даст додани вақти илмомӯзиро ҳуҷҷат намуда, узр меоваранд. Баъзеи дигар ҳанӯз хурд буданашонро узр оварда мунтазиранд, ки калонсол шаванд. (Шумо дар ин мавзӯъ чӣ мегӯед?)

Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин дар ҷавоб гуфт:

Ҳар гоҳ барои мусулмон таълим гирифтан ва омӯхтани фиқҳ муяссар бигардад, ин кор бар ӯ воҷиб мегардад. Калонсолиро узр оварда аз илмомӯзӣ даст кашидан, ҷоиз нест. Саҳобагони зиёд, дар калонсолӣ илм омӯхта буданд, ба монанди Абубакр, Умар, Усмон, Аббос, Ибни Авф, Абуубайда ва дигарон. Бисёре аз уламои тобеин низ дар калонсолӣ ба омӯхтани илм шурӯъ намуда буданд, ба монанди Солеҳ ибни Кайсон, ки аз саҳобагон Ибни Умар ва Ибни Зубайрро дарёфта буд ва дар назди Зуҳрӣ таълим гирифтааст. Баъд аз умри зиёд диданаш дар соли 140-и ҳиҷрӣ вафот намуд. Чун илмомузӣ бар мусулмон фарз аст, дар ин мавзӯъ байни хурду калон ҷудо карда нашудааст. Аз Макҳул ҳадиси мурсале ривоят шудааст, ки чунин аст: «Калонсол барои дар назди хурдсол таълим гирифтанаш бояд шарм надорад». Яъне боқӣ мондани ӯ бар ҷаҳлу нодонӣ ин нуқсонӣ ва айб аст ва дар назди хурдсол таълим гирифтанаш камбудӣ нест. Аммо шахси ҷавон бошад, пас бар ӯ зарур аст, ки дар ҷавониаш ба илмомӯзӣ шурӯъ кунад, зеро ин маълумоти ӯро пурқувват мекунад. Ҳасани Басрӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Омӯхтани ҳадис дар хурдӣ ба монанди нақш бар санг аст". Дар  ривояти дигаре омадааст, ки  Ҳасан ибни Алӣ (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) гуфтааст: "Илмро таълим бигиред, пас агар дар қавми худ хурд бошед, пагоҳ бузурги онҳо мегардед". Зуҳрӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Бо хурдсол буданатон худро таҳқир накунед, ҳаройина Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) чун ба кори мушкиле гирифтор мешуд, ҷавононро даъват намуда, бо онҳо маслиҳат мекард". Ҳамчунин ҷавон вақти холӣ дорад ва намедонад, ки дар оянда ба чӣ мушкилие рӯбарӯ мешавад.

"Чигуна илмомузӣ мекунӣ?" (Саволи рақами: 43) аз сомонаи Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин.

Аз ин ру, эй бародари бузургвор ба омӯхтани илм шитоб бикунед, калонсолии шумо монеи илмомӯзӣ нашавад. Намунае аз шахсоне, ки баъд аз синни шумо ба илмомузӣ шурӯъ намуда буданд, дар боло баён намудем. Хоҳони ихлос бошед ва ба нияти наздик шудан ба Аллоҳ ва адо намудани фаризае, ки Аллоҳ бар шумо фарз гардонидааст, илмомӯзӣ бикунед. Ба мақсади дур кардани нодонӣ аз худ, илмомузӣ кунед ва дар дур кардани нодонӣ аз мардум саҳмгузор бошед. Дар илмомӯзӣ ба таври ҷиддӣ кӯшиш бикунед ва донишмандони аҳли суннат ва ҷамоатро мулозамат бигиред ва аз онҳо таълим бигиред. Аз аҳли бидъат ва гумроҳон дурӣ биҷӯед ва аз Аллоҳ бо дуо талаб кунед, ки шуморо муваффақ бигардонад ва илмомӯзӣ, ҳифз ва фаҳмишро бароятон осон бигардонад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android